Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан
  • Дӯстии мо...
  • аз чӣ бошад пичиррос зад Лоҷувард ҳам.
    Китфрасонии ин ду нафарро-Лоҷуварду Ромишро эҳсос карда буд, албатта, Неъмат ва дар қаъри чашмони вай кадом андешае ба гардишу печиш омаданд.
    Аммо он ду нафар-Лоҷувард ва Ромиш ба ҳам банд буданд, Неъматро фаромӯш мекарданд, балки фаромӯш карда буданд кайҳо.
    Шараққаси суратгирак омаду онҳоро акс кунонид чунин.
    Баъд ин ду нафар-– Ромишу Лоҷувард пичир-пичиркунон ва миёни ҳам хандазанон аз Неъмат дур ҳамерафтанд, балки дур рафта буданд кайҳо ва миёни донишҷӯён ғуттида буданд унҳо.
    Ромишу Лоҷувард пичир-пичиркунон ва миёни ҳам хандазанон дур рафта буданду Неъмати танҳомонда, ки аз думболи онҳо чашм намеканд, авзояш дигар гардида, дар қаъри чашмонаш андешаҳо бештар гардиш мехӯрданд. Хоса аз духтараки дуршаванда ва пайкари аҷибу дилнишин ва моломоли ҷавонии вай чашм намеканд Неъмат. Ва ин духтарак, албатта, Лоҷувард буд.

Паҳлӯи ҳам ва мамнун буданд Лоҷуварду Ромиш ҳангоми дарс; ва чунин мамнун буданд даме, ки дар китобхонаи донишгоҳ дарс тайёр мекарданд якҷоя.
Онҳо чашмони Неъматро, ки гоҳ наззораашон мекард, кам эҳсос менамуданд, балки умуман эҳсос намекарданд.


Баъд чизи дигар ҳам буд:
– Ман туро интизор мешавам,

  • сухани Ромиш буд.
    – Меоям…
  • сухани Лоҷувард буд.
    – Ман назди гулхона интизорат мешавам,
  • дукони гулро дар назар дошта гуфта буд Ромиш.
  • Аз намоиши театр дер намонем. Охир он ҷо спектакли «Ошиқон, э, ошиқон».
    Чӣ хел тамошо накардан мумкин инро-а: «ошиқон, э ошиқон»!
    Ҳарду табассум карданд бо тарзи хоса ва андаке бо шарм.
    – То оғози намоиш ҳоло аз як соат зиёд вақт ҳаст,
  • сухани Лоҷувард буд.
  • Ман меоям. Безобита нашав.
    Ҳарду—Лоҷувард ва Ромиш боз лабханд заданд ва дар хобгоҳ духтарак ба ошёни дигар, ки утоқи зисташ буд ва Ромиш ба ошёнаи дигар, ки утоқи зисташ буд, равона гардиданд.
    Лоҷуварди танҳомонда ҳис накард нигоҳҳои думболагири Неъматро аз нав. Нигоҳи мудом думболагир.
    Лоҷувард ба ҳуҷраи зисти худаш ворид гардид ва либоси беҳтарашро пӯшида, худашро назди оина зеби дигар додан мехост барои ба театр рафтан.
    Бехабар буд, ки Неъмат ҷониби утоқи вай меояд.
    Неъмат аввал дари аз думболи духтарак пӯшидаро хост тақ-тақ кунад. Вале, аз чӣ бошад, бе тақ-тақ тела доду вориди он гардид.
    – Неъмат? - ҳайрон бимонд Лоҷувард-Ту?
    – Боз кӣ мебуд? Умедвор набудӣ?
    – Аз омаданат, пешакӣ, хабар медодӣ, хуб буд-аз рӯи одоб.
    – Ромиш хабар надода омадан мегирад-уу…
  • чунин гуфта буд Неъмат: - Ва ҳар дӯст ба манзили дӯсти дигараш бояд бе тақ-тақ дарояд.
    Лоҷувард ҷавоб доданро шояд нолоиқ донист, ки ин маротиб лаб накушод.
    – Гуфта будӣ, ки дӯстии мо сенафарон ҷовидона...
  • сухани Неъмат буд аз нав, ки аз саропои духтарак чашм намеканд.
    – …Ҳамин хел суханҳо низ буданд…
  • баъди андешае тасдиқ кард Лоҷувард ва банди хайёлҳо барои худаш аз чойник ба стакони шишагӣ чойи хунук рехт.
    Неъмат ба сурати сенафарони танаи девор чашм андохт: худаш буд ва Лоҷувард ва Ромиш. Ва ба Ромиш гӯё часпида буд Лоҷувард.
    – Пас чӣ қадар, ки Ромиш ба ту,
  • Неъмат сӯи сурат ишора кард,
  • ҳуқуқ дорад, пас ман ҳам...
пешина
аз 59
навбатӣ