ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

…Балки иҷорахонаи дигар дарёфта буд Лоҷувард, ки ҳамроҳи писараш чирку чарб ва гардҳои онро тоза карда, ин ҷоро ба тартибу сомон ва озодагӣ кашидан мехост.
Писарак, ки аз даруни салафанқоғазҳои тар чизҳоро бароварда, ба ҷевони тозакардаи модар андохтан ва ба модар ёрдам доданӣ мешуд, миёни чизҳо ногаҳ ду пораи аз ҳам ҷудо ва алоҳида гузошташудаи суратро бидид. Бидиду берун кашидаш.
Сурати сенафарон буд, ки ду тақсим гардида; як тарафаш модари худаш буд бо падари худ, дар пораи дигар ҷавонмарди дигар, яқинтараш ҳамоне буд, ки дар иҷорахонаи дигар ҳамроҳи духтари худ монда, яъне пораи аз сурати асосӣ ҷудошуда сурати Ромиш буд. Магар пештар-дар ҷавониҳошон якдигарро мешинохтанд ин се нафар-модараш, падараш ва Ромиш, ки чунин якҷо сурат гирифтаанд, ки моломоли дӯстии ҷавонӣ метобад? - шояд дар ҳамин бораҳо андеша меронд писарак ҳолиё.
Модари бача инро пай набурда буд, ки ба ҷумбуҷӯл ва фикрҳои печидаи худаш баста буд.
– Оча, Писарак бошад аз пораҳои сурат чашм канда, ба модараш нигарист.
- ниҳоят ҷумбиданд лабони писарак: - дар иҷорахонаи дигар чаро наистодема?
– Дар кадомаш? - модар сар набардошта, хайёлолуд ҷавоб гардонид, ки банди корҳои худаш буд.
– Ҳамоне, ки мардак буд бо духтараш...
Нигоҳи Лоҷувард, ки аз кору бор ва андешаи худаш канда шуд, омад ба ҷониби писарак.
– Ин ҷо магар бад аст? - савол дод Лоҷувард ҳамчунин. - Ба тартиб дарорем, аз иҷорахонаи дигар хубтар мешудагист...
Писарак чанде андешаманд истод, ҳанӯз ба пораҳои сурати дасташ чашм медӯхт, хосатан аз порасурати Ромиш нигоҳашро барканда наметавонист.
– Гумон мекунам, ту... аз ун иҷорахона не… балки аз ин мардак… - як забон хоид ва афзуд: - …аз ин мардак гурехтӣ, оча...
Модар кебид, ба писараш назар овард аз сари нав.
– Гурехтиву аммо сураташро овардӣ, ин ҷо... - иловаи писарак буд.
Нигоҳи Лоҷувард ниҳоят ба сурати дасти писараш афтод. Чанде шах шуда буд.
Пасон дасташ пеш омад: пораҳои суратро аз дасти писараш гирифт. Гӯё кадом чиҳо гуфтан мехост ҳоло Лоҷувард, аммо чизе гуфта наметавонист. Ба сурати ҷавонмард, ки аз сурати ӯву шавҳараш ҷудо карда шуда буд, нигаристу руфтан ва тамизу тартиб кардани иҷорахона аз ёдаш рафт... Балки пурра аз ёдаш рафта буд руфтану тамизу тартиб кардани иҷорахона.
…Баъд шабона, вақте ки Лоҷувард писари хаставу намкашидаи худро хобонида буд ва болояш курпае кашида буд, аз куҷое пораҳои суратро худаш дарёфта, ба онҳо назар андохт. Ва ба андешаи амиқтар рафта буд акнун Лоҷувард.
Ва бо дастоне, ки ларзаашро фурӯ нишондан мехосту наметавонист, ду пораи суратро боз ба ҳам наздик оварданӣ мешуд вай...
Шараққоси суратгирак шунида шуд ва ин се нафар аз сурат ба шакли зинда бадал ёфта, ба ҳаракат омаданд.
– Ҳаа, дӯстии мо сенафарон бояд абадӣ бошад,
- сухани Неъмат буд.
Ҳама ҷавонтар буданд ун айём; Неъмат, Лоҷувард, Ромиш, балки донишҷӯ буданд ин се нафар дар ун замон.
– Ҳаа, дӯстии мо сенафарон бояд то рӯзе бошад, ки ҳастем рӯи замин! - сухани Неъмат буд аз нав.
– Албатта, - тасдиқ кардан хост ҷавондухтар Лоҷувард, вале аз чӣ бошад китфашро аз китфи Неъмат, ки ба вай наздик овардан мехост, дур гирифт. Балки бурд наздик ба китфи ҷавони дигар, яъне Ромиш, ки дар паҳлӯи дигараш меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё