Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар берун мерехт борон. Балки осмон гиря мекард ҳамоно, ҳамоно.


Афсона ҷое телефон мекард.
– Ин хонаву дарро… гумон мекунам шавҳарам… ба ман монда рафтааст...

пичиррос мезад ва ҳанӯз навиштаҷоти духтарчааш дар дастони пурҳаяҷонаш меларзид.
– Ҳоо,

  • мад кашид овозе, ки яқин овози ҷавонмарди дар бемористон мондае буд, яқинтараш овози Неъмат буд.
  • Ҳооо… Шавҳари ту… Шавҳари ту, бешак, бекалла буд ва бе калла монд,
  • яъне боз шухӣ кардан мехост Неъмат ва ё нимшухиву нимҷиддӣ мегуфт: - Барои ҳамин шуда, ҳама чизи варо дигарон соҳиб шуда мегарданд...
    – Ҳоло вақти шухӣ аст магар? - аз изтироб фаромада наметавонист Афсона.
    – Зиндагӣ худаш аз шухиву ҳазлу фиреб ва ишқу хиёнат иборат…
  • боз кадом мисрае ба ёдаш расида буд: - «Ва дигар ҳеҷ, дигар ҳеҷ, дигар ҳеҷ»– ва инро гуё замзама кардан мехост Неъмат бо кадом оҳанге.
    Ва баъд афзуда буд:
    – Ба ҳар ҳол туро табрик мекунам бо ин ғалаба. Ғалабаи оламшумуле! Бо ман, ки будӣ, бо ман монанд шудӣ дар охир! Зеро ман одат дорам ҳама чиро ҳал карда тавониста бошам мудом ба фоидаи худам! - баъд афзуда буд: - Ана акнун беруни шаҳр рафта, барои ишқварзӣ хилватҷо кофта намегардем, ҷонамона дар азоб намемонемзеро худи шавҳарат барои мо хилваткадаи дигар мондааст, ки он бехатар ва тамоман орому роҳатбахшо! Урраа-эъ!...
    – Аз ҳазилҳои зилзиловарат намондӣ-да ту ягон бор!…
    Баъде, ки Афсона гӯшаки телефонро дар ҷояш монда буд, ба диван нишаст.
    Биншасту якбора, аз чӣ бошад, гиря кард. Баробари гиряаш навиштаҷоти духтарчааш дар дасташ меларзид: «Дадам, дигар дар ин хонадон истода наметавонад. Мегӯяд, ки «баъди ҳар чизи шуда ин ҷо истоданаш душвор»… Бе дадам бошад, ин ҷо истодани ман ҳам душвор, оча...»
    Чарминапӯши ҳамсоя, ки яқин аз куҷое баргашта омада буд, аз дари кушодамонда ва пӯшиданашро фаромӯшкардаи Афсона ба дарун, ба зане, ки ларзон гиря мекард назар андохта буд, вале ҳарфе гуфта наметавонист…
    Афсона бештар ва канда-канда гиря мекард…

Ромиш ва духтарчааш дар иҷорахонаи худ ғарқи андешаҳои худ нишаста буданд ва ҳарду ба андешаи якдигар халал расонидан намехостанд.


…Рӯзе расида буд, ки Неъмат ҳам акнун аз бемористон баромада буд, ҳарчанд, ҳанӯз бо асобағалаш такя карда, қадам мениҳод.
…Ва ниҳоят ба хонаи худаш расид, аз кисааш калид баровард, дарро кушод, он ҷо ворид гардид.
Аммо касеро пайдо накард ин ҷо.
Неъмат, ки дар фароғаткурсӣ биншаст, асояшро дар як тарафи он бимонд. Пасон ба мизи пешорӯ, аз чӣ бошад, ки ангушт кашид. Миёни чанг рахи кашидае ҳувайдо монд:
бармеомад, дар ин хонадон хело боз касе набудааст. Неъмат, ки маълум буд, ба чунин гарду чанги хонадон одат накардааст, қиёфааш бурма зад.
Баъди чанде андешаманд нишастан, ниҳоят Неъмат, телефонро тарафи худ кашид, рақамҳое барчид.
– Зани ман ҳам рафтааст,

  • ангушташ ба курсичаи гардпахшкарда боз рахи дигар кашида буд-Ҳамроҳи шавҳари ту нарафта бошад-а? - хаёле баногаҳ расида буд ба сари Неъмат.
  • Маслиҳат карда, ҳамроҳ рафтанашон ҳам аз эҳтимол дур нест-а...

бармеомад, ки ҳарф мезанад чунин бо Афсона.


Аммо ҳамроҳи шавҳари Афсона, яъне ҳамроҳи Ромиш набуд зани Неъмат, яъне Лоҷувард.

пешина
аз 59
навбатӣ