ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Лоҷуварду писараш миёни тури борон ғӯтида, панаҳ гардида, дигар ба чашм намерасиданд, вале Ромишу духтарчааш ҳанӯз аз паси тиреза ҷудо намешуданд ва аз ҷониби рафтаи онҳо чашм намеканданд...
Мерафтанд Лоҷуварду писараш ҷониби биноҳои азим, ки ҳамчу қасрҳое метофтанд, ки роҳ доданӣ набуданд касеро андаруни худ ва хосатан дар ин бегоҳи боронӣ.
Нигоҳҳои ба пеш духташудаи Лоҷувард бештар ҳузнангез метофтанд, чунон, ки нигоҳи Ромиши паси тирезаи иҷорахона ҳамчунин ҳузнангез монда буданд.
Лоҷувард бо писарчаи худ куҷо мерафт дар шаҳри боронӣ ва пурасрор, маълум набуд, яқинтараш худашон ҳам намедонистанд инро ҳолиё…
Бонуи дигар, ки Афсона ном дошт аз беморхона баромада буд.
Ва аз автобусе, ки дар кадом як истгоҳ истод, фаромад ва бар бинои баландошён наздик рафтан гирифт. Бо ҳайрат менигарист ба ин бино. Охир биное буд, ки пештар мезист ин ҷо худи Афсона бо оилаву духтарчаи худ.
Афсона муддате муттаҳайир истод. Шавҳараш ин ҷо бошад магар? Омадани варо қабул медорад ва ё меронад аз даргоҳаш барои ҳар чизе, ки шуд ва карда буд вай бо Неъмат?
Афсона биистод чунин ҳайратзада, муқаддам аз он, ки сӯйи бино қадам ниҳад аз сари нав.
Яке аз ҳамсояҳо, ки аз паҳлӯяш мегузашт, якёна шуда, ба вай назар афканд, яқинтараш ба думболи вай дида андохт. Ва ин нафар чарминапӯш буд, ки чанде пеш модарашро ба хок супорида буд.
Ва Афсона ба бино ворид гардид.
Ба дари утоқе наздик рафт. Дари ҳуҷрае буд, ки чанд сол ин ҷо зиндагӣ ба сар бурда буд Афсона бо шавҳари худ ва духтарчаи худаш.
Чанде биистод назди дар Афсона.
Баъд дарро тела дод.
Кушода нашуд ин дар.
Дастгираки дарро пахш кард. Кушода нашуд аз нав ин дар.
Тугмачаи зангро пахш кард. Баъд тақ-тақ кард. Натиҷа набуд.
Чанде беилоҷ истод, гӯё чӣ кор карданашро намедонист акнун. Вале ногаҳ ба ёдаш гӯё чизе расида бошад, даст ба чуби болои дар бурд. Аз он ҷо чизе дарёфт намуд баногаҳ, нобовар ба он назар дӯхт: калиди дар буд. Афсона чунон ҳайратзадаву нобовар истод, ки ҳатто кадом ҳисҳои ногаҳонии аҷиб пайдо мешуд гирди лабонаш, гум мешуд, боз падид меомад.
Афсона бо ҳаяҷону нобоварие, ки бастаи он гардида буд, калидро ба қулфи дар андохт, оҳиста тоб дод. Гирдаи қулф тоб хӯрд ва дар кушода шуд. Ҳаяҷону нобоварии Афсона зиёдтар шуда буд. Паси остона меистод ҳанӯз вай. Баъд ворид гардид ба ин хонадон.
Хонаҳо бекасу сокит буданд, ҳарчанд ҳама чиз дар ҷойи собиқаи худ меистод. Вале дар ҷамеи хонаҳо пайдо набуд ягон нафаре.
Афсона ниҳоят, дар яке аз ҳуҷраҳои хона нобовар ва беҳол ба диван фурӯ нишаст.
Нишасту ногаҳ чашмаш биафтод ба навиштаҷоти болои курсичаи пеши диван:
«Дадам, дар ин хонадон дигар истода наметавонад. «Баъди ҳар чизи шуда, ин ҷо истодани ман душвор» мегӯяд…7 Бе дадам, бошад, ин ҷо истодани ман ҳам душвор, оча...»
Маълум буд навиштааст инро духтарчаи худи Афсона.
Ва Афсона ҳанӯз нобовар ва беҳол менигарист ба навиштаҷоти қоғазе, ки акнун ба дасташ гирифта буд:
«Дадам, дар ин хонадон дигар истода наметавонад… Бе дадам бошад, ин ҷо истодани ман ҳам душвор, оча…»
Афсона беҳолтар шуда, балки карахт гардида буд, балки чуқуртар ғӯтида буд ба диване, ки менишаст ҳоло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё