ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Лоҷувард сӯе, ки кампири соҳибхона ишора карда буд, яъне ба дари нимроғу нимакушода нигарист, кебид, ҳатто истод, ҳарчанд кампири соҳибхона кадом чиҳои дигар мегуфт ва ба хонаи қисмати муқобили долон даромада буд. Вале Лоҷувард гӯё дигар кампирро намешунид, ноҷумбон монда буд дар ҷойи худаш…
Ва чизе, ки боиси пакариву карахтии Лоҷувард гардид, ҳамин буд, ки дар хонаи дараш роғ яке ба назар мерасид, ки дар сурати пора буд, яъне оне буд, ки занаш бо шавҳари худаш ишқварзӣ карда, ба садама гирифтор гардида буд, яъне вай шавҳари он занак буд, яъне Ромиш буд. Балки Ромиш ба назар мерасид ҳамроҳи духтари худаш.
Аҷибаш, ки онҳо низ ҳарду саропо тар буданд, балки ҷавонмард аз салафанқоғаз дастмол бароварда, мӯю сари аз борон таршудаи духтарчаи худро покиза мекард; бармеомад, онҳо низ чанде пеш ворид гардида будаанд ин ҷо.
– Ана ин хона,
- андаруни дари хонаи дигари рӯ ба рӯ мегуфт кампири соҳибхона.
Агар курпа лозим шаванд, ғайри иҷорапулӣ маблағи илова месупорӣ, ман барои туву писарат курпа ҳам ёфта медиҳам.
Лоҷувард ба ҷойи ба утоқи ишоракардаи кампир ворид шудан, ҳамоно шах шуда меистод ва басо ҳайратзада буд. Балки менигарист боз ба дари нимроғи хонаи дигар.
Хонаи дигар, ки он ҷо буданд Ромишу духтарчаи вай…
Чашми Ромиш ҳам афтод ба Лоҷувард ва тоза кардани муву сари духтарчааш аз ёдаш рафт. Охир Ромиш ҳам бовар намекард, ки Лоҷувард омада ба ин ҷо ва омада бо писарчаи худ.
Лоҷувард низ нобовар меистод аз ин рӯйдод ва аз ин вохӯрии ғайриинтизор.
Пасон Лоҷувард тоб хӯрд. Вале сӯи утоқи ишоракардаи кампир, ки бояд иҷорахонаи минбаъдаи вай мешуд неву ҷониби зинапояҳо тоб хӯрд. Муқаддам аз он, ки банди дасти писарашро гирифта, ҷониби зинапояҳо биравад, бори дигар ба дари кушода, ки он ҷо Ромиш метофт, назар афканд.
– Ҳаа? - ҳайрон монд кампир, ки сӯи зинапояҳо рафтани ҷавонзанро ба мушоҳида гирифта буд. Ҷавонзане, ки бо пойи худаш иҷора кофта омада буду аммо акнун мерафт.
- Ин ҷо маъқул нашуд-а?—нигоҳи Лоҷувардро ба хонаи дараш кушода эҳсос намуда, бо тарзи худаш маънӣ бардоштанӣ шуда буд: - Ё маъқул нашуд ин ҷавонмард ба ту? А-а?...
Лоҷувард такон хӯрд, вале ҳарф нагуфт.
Кампир боз афзуда буд:
– Оо, ин магар нағз не, ки дар як хона марди муҷаррад бошад паҳлӯи зани муҷаррад? А? Оо, зан ҳам гоҳе зор мешавад ба сухани мард, ба як навозиши мард. Оо, мо ҳам, як вақт, зани ҷавон будему медонем инро...
Аммо Лоҷувард бо зинапояҳо поён мерафт, дигар намеистод ва дасти писарчаашро аз рӯи одат сахт фишӯрда буд миёни ангуштони худ...
Баъд зери тӯри борон даромада буданд модару писар ва тани бе ин ҳам тари онҳо бештар тар мегашт.
– Ба хонаи худамон бармегардем? - суоли писарак буд чунин ба модараш баъди муддате.
Лоҷувард зери тури борон қадамашро тезонд.
– Мо дар ин шаҳр дигар хонаву дар надорем! Хонаву дар надорем, ки моли шахсии мо бошад,
- ҷумбида буданд ниҳоят лабони вай.
Лоҷувард тамоман тарафи дигар тоб хӯрду писарашро ҳам он ҷониб бурд.
Ҳис намекард, ки аз паси тирезаи болохона, ки иҷоранишинони дигар он ҷо монда, яъне нимаоилаи дигар он ҷо монда буданд, менигаранд аз думболи онҳо. Ва ин нигоҳи Ромишу духтарчаи вай буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё