ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Бо вуҷуди ин меравем…
- сухани Лоҷувард буд аз нав. Ва чанде баъд боз илова кард: - Зеро дар ин хонадон дигар истода наметавонам ман... Ту чӣ?…
Сухани охираш ба писараш дахл дошт.
Писарак, ки ноҷумбон меистод, оҳиста калла ҷумбонд, вале худаш надонист, ба кадом маънӣ калла ҷумбонида буд ҳолиё.
Оби борон дар беруни тиреза рах мекашид ҳамоно.
Лоҷувард аз он чашм намеканд.
…Бо вуҷуди ин ду халтачаи салафанӣ дар даст, аз бинои азим баромад Лоҷувард.
Писараш ҳам аз думболи вай қадам мениҳод.
Фақат зери арки бино онҳо лаҳзае истода, ба борони резон дида дӯхта, ниҳоят зери қатраборон шуда, роҳи худро идома доданд.
Баъди чанде писарак якрӯя гашта, ба биное, ки то ин дам зиндагӣ доштанд, бори дигар назар афканд, сипас қадамашро тезонид, ба модараш, ки пештар рафта буд, расид. Баробари вай роҳашро идома ҳамедод. Пасон даст бурда, яке аз салафанхалтаро аз дасти модар баргирифтан хост-ҳарчанд Лоҷувард онро сахт медошт-вале ҷудо карда, гирифт-яқин ба модараш ёрдам додан мехост бачаяк ин лаҳзаҳо.
…Модару писарак ҳанӯз мерафтанд зери борон ва мерафтанд ва ҳар ҷое истода, ё даромада, кадом чиро мепурсиданд, аз он ҷоҳо ноумед берун мешуданд…
Боз зери тӯри борон роҳи худро идома ҳамедоданд...
Беморхона.
Афсона дар палатаи худ танҳо буд. Ба тиреза часпида, менигарист берун. Амсоли беруни тиратоби боронӣ ба андеша ғунуда буд андоми Афсона, сараш печидаи хаёлҳо буд...
Дар шаҳри азим, ки ҳанӯз болояш борон мерехт, мерафтанд Лоҷувард ва писараш.
Ба куҷоҳо даромаданд ва берун шуданд ва боз зери борон ҳамерафтанд унҳо.
…Инак ба иморати дигар ворид гардида буданд модару писарак.
– Хулласи калом ба шумо иҷорахона лозим-а? - суоли кампири соҳибхона буд.
Лоҷувард, ки аз мӯяш ва тамоми либосаш об мечакид, ба маънои «ҳаа» калла ҷумбонид.
– Шавҳар дорӣ? - суоли кампир буд аз нав.
Лоҷувард ин дафъа ҳарф назад, балки калла ҳам ҷумбонда натавонист.
– Мепурсам, ки ғайри ҳардутон боз каси дигар ҳаст ё не? - кампир, ки ин суолро медод модару писари аз борон шип– шилтаро бори дигар аз назар мегузаронид.
Лоҷувард бо инкор ду тараф калла ҷумбонд, балки ин маротиб қатъиву айёнтар буд каллаҷумбонии вай, яъне «ғайри худаму писарам дигар касе нест бо мо».
– Хайр, рафтем,
- кампир ниҳоят ба пеш даромад ва дар долону зинапояҳои ба ошёни дуюм баранда қадам ниҳод ва сухани худро идома дод: - Аҷибашро бинанд-а; пештар дар ин утоқи болохонаи ман ду оила зиндагӣ мекарданд; иборат буданд аз зану шӯҳо. Яъне оилаҳои пурра буданд… Ғалатиаш, ки унҳо баробар кӯчида рафтанду қариб баробар, ду иҷораталаб омад, ки ҳарду аз нимаоила иборат, яъне аз ту пештар марде омад, ки зан надорад ва духтарчааш бо вай; ту бошӣ шӯ надоштаӣ ва писаракат бо ту... Ғалатӣ ин, албатта!…
Онҳо баромаданд болохона ва вориди долони ун ҷо гардиданд, кампири соҳибхона ин дафъа ба салафанқоғазҳои дасти ҷавонзан ва писари вай нигариста, суол намуд:
– Молу маводатон ҳам ба фикрам ҳамааш ҳамин?
Лоҷувард ба маънои иқрор калла ҷумбонда буд акнун.
– Инаш ҳам ғалатӣ! Марде, ки ҳамроҳи духтарчааш, аз ту пештар омад, иҷорашини ман гашт-ғайри бори ду салафанчаи монанди дасти ту, чизи дигар надорад; гӯё дар тамоми зиндагиаш, мисли ту, ғайри ду салафанқоғаз чизи дигар ҷамъ наовардааст,
баробари ин сӯи даре ишора намуд, ки суханонаш ба он ҷониб мутаалиқ буд, яъне ба иҷоранишини дигари ин ҷо муқумигардида вобаста буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё