Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва гӯё дар ҳақиқат кори ҷиддӣ нашуда бошад, кадом як бодирингро, ки аз салафанхалатаи партофтаи Ромиш хез зада, ба худи ӯ бархӯрда, пасон рӯи бистар афтода буд гирифт ва газид. Ва «ғарҷ– ғурҷ» хоиданаш ба гӯш мерасид.
Вале Афсона аз андешаҳои пурпечи худаш халосӣ ёфта наметавонист, балки бештар безобита мегардид.
– Агар шавҳарам ба хонааш маро роҳ надиҳад-чӣ? Аа? - ба ғумуми зиёд ғунуда буд Афсона.

  • Баъд намедонам чӣ мекунам? - дар изироби зиёд буд-Магар, ки иҷорахона кобам барои зиндагии минбаъдаи худам?
    – Иҷорахонаа? - мад кашид Неъмат гӯё бозёфте карда бошад-Ин беҳтар будагист!
    Он гаҳ зарур намешавад бароем беруни шаҳр ману ту, кобем хилватҷо барои ишқварзӣ!
    Афсона ба ӯ нигарист.
    – Шухӣ хуб, вале на дар ин масъала, на, ки ҳоло!
    Андешаҳои пурпеч Афсонаро ҳанӯз раҳо намекарданд ва дар изтироб медоштанд:
    – Охир кадом зан намехоҳад хонаву дари худашро дошта бошад? - ба Неъмат нигарист вай.
  • Дили занҳоро дар масъалаи ишқ мефаҳмӣ, вале дар масъалаҳои дигар сарфаҳм намеравӣ... Хайёле, ки занҳо танҳо аз ишқ иборат, гумони мардона аст ва хатои мардон...
    Афсона бо изтироб дар худ фурӯ рафта буд.

…Дар берун меистод шаҳристони азамат бо иморатҳои баландқабатаи зиёдаш.
Шаҳристоне, ки асрорҳояш дар ҳоли фузун буд бо гузашти ҳар рӯзи зиндагӣ.
Балки ин шаҳр сукут карда буд якбора, балки ба андешаи дигар рафта буд якбора.


Баъд шаҳристони азамат як шаби дигарро аз сар мегузаронид.
Лоҷувард бедор буд дар хонадонаш. Менишаст назди писараш.
Писараш ҳам бедор буд, ҳарчанд, ки рӯи кат ёзида буд ин бачаяк.
Баъд бачаякро хоб бурда буд ва Лоҷувард аз миёни чизҳо боз сурати дупораро дарёфта буд ва ба онҳо менигарист.


Субҳ дамид дар шаҳристони азамат аз сари нав, чуноне ки солҳо ҳамеша меомад чунин…
Лоҷувард, ки чашмонаш хаставу бехоб ва сурхина ва андешапеч буд, ниҳоят гӯё ба кадом хулосае омада бошад, салафанхалтаҳое дарёфта ва кадом чизҳоро ба он андохтан гирифт.
Писараш ба кори вай менигарист бо кадом тааҷҷубе.
– Либбосҳоятро пӯш,

  • ҳарчанд Лоҷувард ба писараш нигоҳ намекард, вале ҳамин тавр фармуда буд.
    Писарак либосҳояшро пӯшида истода, ҳамоно ба кори модар менигарист. Ниҳоят тоқат накарда, суол намуд:
    – Боз ба хабаргирии дадам меравем чӣ? - тааҷҷуб дошт писарак яқин.
    Модар аз ғундоштану ба салафанқоғаз андохтани баъзе чизҳо биистод. Баъди каме андеша ва карахтӣ боз кадом чиҳоро ба салафанқоғази дигар ҳам андохт.
    – Нее,
  • нигоҳаш ниҳоят ҷониби писараш омад-Аз ин хонадон тамоман меравем,

чунин гуфта буд вай.
Писарак нобовар ба модар, ки боз кадом чизи дигар ба салафанқоғаз андохтанӣ буд, назар афканд.
– Ҳа,

  • афзуд Лоҷувард оҳиста-Меравем аз ин хонаву дар.
    Писарак ҳанӯз аз модар чашм намеканд.
    – Меравему дигар барнамегардем,
  • хулосаи охирашро изҳор карда буд Лоҷувард.
    Ва баъди чанде боз афзуд: - Ту розӣ не?...
    Бача ҷониби берун, ки борон бошиддат мерехт, оҳиста дида бурд.
    Нигоҳи Лочувард ҳам ҷониби тиреза рафт, ба шаҳри азими зери борон нигарист:
    агар аз ин хонаву дар бираванд, дар ин шаҳри азим дари дигар ба рӯяшон боз мешуда бошад магар? Инро худи вай намедонист…
пешина
аз 59
навбатӣ