Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзе, ки ду чашми ману Нодир ба ҳам афтод, Бар ҳам нигаристему гиристему гузаштем.24 Кунун ҳарду тақрибан ба як сарнавишт муқими Америка ҳастем, лекин ба иллати гаронии харҷи роҳ 24Урфии Шерозӣ: «Рўзе ки ду чашми ману Урфӣ ба ҳам афтод…»248 телефонӣ гуфтугӯ мекунем. На ман пуле дорам, ки ба меҳмониаш биравам ва на ӯ пуле дорад, ки меҳмони мо шавад.
Дар ин рӯзҳо устод Нодири Нодирпур ба ҳафтодсолагӣ қадам хоҳад ниҳод. Ҷашни фархундаи ӯ ҷашни ростини мост, ки солҳои мадиде мухлису муштоқу муштарияш ҳастем. Ӯ забоншиносест, ки забоншиносон, суханварест, ки суханварон, қаламкашест, ки қаламкашон, шоирест, ки шоирон дӯсташ доранд. Сарфи назар аз ғурбату таъбиди бистсолааш хушбахттарину беҳтарин шоир аст. Ман бо ду дасти бар ҳаво барафрошта мегӯям, ки устод Нодири Нодирпур имрӯз падарсолори шеъри форсист…
РАФИҚИ НИМАРОҲ
Мо, навқаламони солҳои шаст, камбағалбачаҳо будем аз қишлоқпораҳо, хонаҳои сағирон, интернатҳо. Ҷоямон чойхонаю ғизоямон қанди печак ва сигаретамон «Помир»-у «Прима». Либосамон ҳамчун ранги дарахти арча чаҳор фасли сол иваз намешуд. Дар ин бора ман дар соядасте ба Абдулло Дӯст навишта будам:
Туро зиндагонӣ сияҳнома кард, Баҳору зимистон ба як ҷома кард.
Ва ҳамаамон-иҷоранишину пиёдагардони кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри Душанбе, сангфаршу бетони раставу барзанро пойҳои мо суфтаю хӯрда мекарданд.
Тагчармии ботинкаҳои Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки афтода буду ҷӯроб ҳам надошт, дар лойобаҳои боронҳо панҷ панҷааш аз таги пойафзор дар замин нақш мебаст ва мо дар ҳар куҷое пайи пояшро мешинохтем… Вале бо вуҷуди он ҳама бенавоӣ ва камбағалӣ беҳтарин рӯзҳо буданд он кӯчагардиҳо, он чойхонанишиниҳо, он навқаламиҳои мо. Ба қавли Суҳроби Сипеҳрӣ, агарчи пораноне доштему сари сӯзан завқе, рӯзгорамон ганда набуд. Ҳанӯз Лоиқ сактаи мағз ва ман сактаи дил нашуда будам ва касе асову чигас нагирифтаю дар чашми касе айнак ҳам набуд. Ҳанӯз Сарварҷону Аслам дар оби ҳароми истаконҳо нағарқида буданд. Ва Ҳабибулло Файзуллои саросемаю ҳадаҳа, ки дар соате тамоми идораи газетаҳою нашриётро мегашт, як дасташ дар гардани шиша ва як дасташ дар гиребони Саттор Турсун, арбадаю хархаша мекард (ва ӯ ҳамчун сафедаи субҳ, ки аз торикӣ баромада дар хуни шафақҳои саҳарӣ ғарқ мешавад, дар айни ҳамон навҷавонӣ дар тасодуму тасодуфе нобуд шуд).
Ҳануз аз ҷилди китобаш бар ман Сураташ тозаю тар механдад, Сураташ бехабар аст аз маргаш, Сураташ бин, чи қадар механдад.
Ва ҳанӯз ҷигари Мастон Шералӣ аз касали саратон об нашудаю нарехта буд, ба ҳар ҳазлу шӯхии обдоре аз таҳти дилу ҷону ҷигар механдиду механдид, то ба дараҷае, ки аз шиддати ханда чашмонаш тар мешуданд.
Ахиран дар кӯча як Абдулло Дӯст (Хоксорӣ) монду бас. Ва инак, панҷоҳ сол аст, ки ӯ шоири пиёдагарди кӯчаҳои Душанбест:
Дар рӯйи ҷаҳон пиёда аст аз ҳама чиз, Бечора фақат пиёда мегардад низ.
Дорӯст ба чашми дардмандам, дорӯст Хоки кафи пойи Хоксории азиз.
Дигарон тадриҷан ба саҳнаҳо баромадем, аввал ба саҳначаи толори Иттифоқи нависандагон, сипас ба саҳнаи театрҳо, қасрҳо, то минбарҳои ҳукуматӣ ва аз пешгоҳи ҳар дағдағаю тантанаю маъракае дастафшону кокулпарешон шеър мехондему шоирӣ мекардем. Ва кафкӯбию гулафшоние мешуд, ки гуфтан надорад. Дар ҳама ҷо мо будему муштариёну хотирхоҳон, мо будему микрофон ва микрофон буду мо… Ман ҳатто дар хобам микрофон хоб медидам:
Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид, Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид…

пешина
аз 110
навбатӣ