Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сояи парандае, ки дар рӯи замин медавад, шеърияте дорад, ки худи паранда надорад. Шеърияте, ки дар шакли занҷирии борон аст, дар худи борон нест. Шеърияте, ки дар садои хониши булбул аст, дар худи булбул нест. Шеърияте, ки дар хиш-хишу ғиреви найзори хушкида ҳаст, дар найзори тозаю тар нест. Шеърияте, ки дар намуду шукӯҳу салобати кӯҳ аст, дар кӯҳ нест ва ғайра ва ҳоказо. Ва ин ҳама рамуз дар мавриди дилхоҳ ба андешаи шоир ҷӯр шуда, нерӯи эҷодии ӯро даҳчанду садчанд хоҳад кард.
Мо, ки бо парандаҳои тасвири Нодири Нодирпур пару бол зада, аз обҳои тасвираш обу аз ҳавои тасвираш ҳаво хӯрда, сапедаи тасвирашро ҳамчун шир дам кашида, дар оинаи тасвираш рӯй дида, аз панҷараҳои тасвираш ба ҷаҳони шоиронае менигарем, аз рамузшиносии ӯст.
Вале шоири сухансанҷе ҳамчун ӯ гоҳе бо як вожаи лухти урён ҳам шеъре менависад, ки беҳтарин. Барои мисол:
Шавқи ҳазор сол туро дӯст доштан Дар ман нуҳуфтааст…
Ба истифодаи як суханрезаи лухти “ҳазор сол” тири ошиқонае задааст рост бар нишона.
Ана, мо аз ӯ чиҳо омӯхтему чиҳо андӯхтем. Ана, барои чӣ ҳар маҷмӯаи тозаашро зайли ҷашни фархундае истиқбол мегирем, ҳар шеърашро дар тӯи покатҳо аз марз ба марзу аз шаҳр ба шаҳр армуғон мефиристем. Ана, барои чӣ ҳар китоби навашро бесаброна мунтазир мешавем. Ана, барои чи номи Нодири Нодирпур нуқли маҷлису нишасти шоиронаи мост.
Шеъри ӯ кайҳоннаварди эҷодиест, ки ҳамчун кайҳоннаварди ростин дар тасаввур намеғунҷад. Ӯ шоирест, ки Кайҳону Моҳу Миррихи адабиётро навардида. Мо аз дурбини эҷодиёти ӯ мебинем, ки арзу тӯли шуури шоирона аз куҷо то ба куҷо ва андешаи шоирона чӣ қадарҳо имконият метавонад дошт. Аз қадимиёну муосирон (ба истиснои Фирдавсӣ, ки достонсарои бебадали меҳан аст) ҳеҷ шоире аз ӯ шоиртар нест. Албатта дар эҷодиёти ҳар қаламкаш байту банди рангине ба назар мерасад, аммо касе ҳамчун ӯ шеъру ғазали якпорчаю яклухти рангине надорад.
Яъне густариши суханаш бетафовут сирф шоирона аст. Ҳеҷ қаламдасте бинишу сароишу равиши ӯро надорад.
Шоиронро мавриди мутолиаи ашъори ӯ чунон ҷозиба мегирад, ки аз табу тоб лабу даҳанашон хушкида табхола мебандад.
Нодири Нодирпур шоирест вожапардозу суханпардозу забонпардозу мазмуну маънипардозу шевапардозу адопардозу андешапардоз ва ҷумла ташбеҳу тасвираш дастнахӯрдаю чашмначарида. Шеъри ӯ танҳо зоҳиран нав нест, вожа ба вожа, сухан ба сухан, ҷумла ба ҷумла, хат ба хат, ташбеҳ ба ташбеҳ, тасвир ба тасвир, нукта ба нукта, мазмун ба мазмун, дарун ба дарун, қабат ба қабат аз беху бунёд нав аст. Ҳатто ғазали урфиро ҳам аз беху бунёд нав мегӯяд:
Шери дарё хуфта дар оғӯши найзорон ҳанӯз, Беша бедор аст аз бонги сафедорон ҳанӯз.
Дасти шаб норинҷи сурхи осмонро чидааст, Хуни ӯ ҷорист аз дандони кӯҳистон ҳанӯз...
Ва афзалтару бартар он аст, ки шеъри ӯ табории эронию ориёнист, ҳамчун достонҳои ҳамосии Фирдавсӣ, ҳамчун сурудҳои авастоии Зардушт. Ин аст ниҳояти чомаю чакомаю шеъру ғазали ҳазору дусадсолаи форсӣ.
Хушбахтона, ман Нодири Нодирпурро пас аз сӣ соли он дидори Душанбе дубора дар шаҳри Лос-Анҷелес мулоқот кардам. Акнун сараш сафед шуда буд, вале як мӯяш наафтода ва ришаки ғарибии мошубиринҷ ҳам дошт, аммо ҳамчунон нуронию хушрӯю хушоянд.

пешина
аз 110
навбатӣ