Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар куҷо дасти ману таҳсину аҳсан буд, Ҳар куҷое дасти ман дар дасти ошиқҳои ман буд.
Он қадар дасти маро бигрифта мардум мефушурданд, К-оби дастам мечакид аз дасти мардум.
Он рӯзҳо ману Мастон пасу пеш нав университетро халос карда будем. Шогирдони домулло Шарифҷон Ҳусейзода будем. Ҳамон домуллое, ки аз шунидани як номаш донишҷӯёнро вараҷаю табларза мегирифт. Ҳамон домуллое, ки як университет нозбардораш буд. Ҳамон Ҳусейнзодае, ки портфели вазнине бардошта мегашт ва якзайл сукут варзида, андешаманд менамуд. Ҳамон муаллиме, ки аз саломҳои ногаҳонии Абдулло Дӯст як қад парида, «дафъ шаве, ман муҳтоҷи саломи ту-мӣ?» мегуфт.
Ба он домулло ман ҳатто шеър бахшидаам:
Эй сипоси мӯйу абрӯи сафедат, Эй сипоси қомати хамгаштаат…
Дар хаёлам, қатраи ҳарфат
Мечакад аз мӯйи барфат.
Эй сипоси чун ту пири мӯсафедон Хӯҷаи Хизри қаламдастон.
Вале ин домулло «лексия»-ҳояшро аз як «обшая тетрад»-и зарди фарсуда мехонд, мегуфтанд, ки дар кадом як омӯзишгоҳи муаллимии шаҳри Тошканд навишта будааст. Агар сарашро аз дафтар мебардошт, гапашро гум мекард. Агар савол медодем, ароз карда, аз синф баромада мерафт ва ҳафтаҳо гум мешуд. Дар панҷ соли дароз нашунидем, ки ӯ ғазале, байте азёд хонда бошад.
Аз баъди Шарифҷон Ҳусейнзода кори мо шоирони ҷавон ба Боқӣ Раҳимзода афтод. Ҳамон Боқӣ Раҳимзодае, ки бо мутоиба котибони секаро механдонду аслан шифоҳӣ кор мекард (…) Бар ин бино, мо ба адабиёт аз ҳамон аввал кӯрмол ворид шудем, ранги кӯре, ки дару деворҳоро ханҷор кашидаю палмосида, хаму печи кӯчаҳоро бо дасту по аз бар менамояд. Яъне, устодамон ҳам худамон будему шогирдонамон ҳам ва дарсамон шабнишинию худомӯзӣ.
Баракате, ки аз шабнишинию худомӯзӣ ёфтем, аз ҳеҷ домуллое, аз ҳеҷ муаллиме, аз ҳеҷ устоде наёфтем.
Тагсариҳои мо болишт не, ҷилди китобҳо буданд. Ин қадар шеъре, ки аз «Девони кабир»-у «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, аз ғазалиёти Соибу Калими Кошонӣ, Толиби Омулию Ғании Кашмирӣ, Орифу Эраҷ, Фаррухию Ишқӣ… ҳифз кардаем, касе ба мо нагуфта буд. Ва асарҳое, ки ман аз Сергей Есенин, Пабло Неруда, Ҷорҷ Байрон, Волт Ветман, Карл Сендберг ва асарҳое, ки Мастон аз Гете, Ҳуго, Фредерик Гарсиа Лорка тарҷума кардааст, касе ба мо нафармуда буд.
Дар зумраи мо Мастон шоире буд, ки ғайр аз шеър ҳеҷ чизи дигареро ҷиддӣ намегирифт. Ғайр аз мавзӯи шеър дар мавзӯи дигаре сӯҳбат намекард. Ғайр аз шеър дар забонаш чизе набуд. Ғайр аз шеъри нағз ҳар гапи дигаре аз ин гӯшаш даромада, аз он гӯшаш баромада мерафт. Бинобар ин, зоҳиран бепарвофалаку фориғбол менамуд. Вале аз ҳама барвақт маҳз сари ӯ сафед шуд, дар паҳлӯи Фотеҳ Ниёзии сарсафеди 60-сола тамоман фарқ намекард. Мо ҳамсояҳои нағз будем, дар иморати Путовский, 10. Ҳар боре, ки аз таги тирезааш мегузаштам, сари сафедашро бароварда, байти тозае мегуфт. Як дафъа аз шеъри ман ҳам хонд:
…Гар яке ғайри рӯйи аслии худ Боз ҳам гуна-гуна рӯ дорад, Дигаре бо тамоми берӯӣ
Обшоре аз обрӯ дорад.
«Нағз, нағз» - гуфт ва илова намуд, ки «ба Қутбӣ низ маъқул шуд».
Баъдҳо Мастон хушлибостарин шоир буд. Ба қавли мардум саропо пуфкардаю чашкарда ва худаш нарасида, бӯи атраш ба димоғ мерасид. Аммо табиатан ишқварзию айёшӣ намекард.

пешина
аз 110
навбатӣ