Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳоло мо ба ин чиз боз бармегардем, акнун узр ман чойро дам кунам, – гуфта ба самти ошхона равон шуд усто Салим.
Анӯшервон, ки аз рост истодан каме монда шуда буд, ба болои кӯрпача нишасту ба девор такя кард.
Сипас, себи сурхи обдорро як гази калон гирифта қурс-қурскунон ба шифти хона нигоҳ кард.
– Оҳ Салимҷоне, забонакатона садқа, шумо истеъдоди нотакрор доштаед, аз ҳар масъала мағзашро бароварда намоиш медиҳед, – бо овози баланд ин чизро гуфта ба самти ошхона нигоҳ намуд полковник, ки суханояш ба гӯши Салим расад.
– Ана ман, канӣ бо кадом суханам ба мағзи масъала таъсир расонидам? – аз ин таърифи дӯсташ хурсанд шуда дар даст бо чойники пур аз чойи кабуд хитоб намуд Салим.
– Ҳақиқатан дуруст гуфтед, – давом дод полковник,- интернет сабабгори асосии кушта нобуд кардани завқи эҷодии нафақат шахси эҷодкор, балки кулли башар аст! Ина бинед-а, фарз кардем, агар донишчӯ маълумоти заруриашро, аз интернет пайдо кунад, вай ҳамзамон вақташро ба китобхонаю дигар муассисаҳои фарҳангӣ сарф намекунад, ҳамин тавр не?

пешина
аз 161
навбатӣ