Фарзияи усто Салим

Мисли лимӯ шираамонро ҷафида, пучоқи
холӣ мекунанд. Дар интернет аз маълумоти хуб дида
маълумоти зараровар, ҳатто хатарнок бештар аст. Ин
қадар фаҳш, таҷовуз, хабарҳои даҳшатовар, куштор,
сӯхтор – ин аст интернет! Рекламаи фачи онро
намегӯед, ба куҷое наравед, он мисли гурги гурусна,
аз он роҳи гурез нест. Шояд шумо бо ин андешаи ман
розӣ нашуда, гӯед, ки интернет шахсро инкишоф дода,
барои дарёфти китобҳои нодир, маълумоти даркорӣ
барои омӯхтани забону илм кумаки беандоза
мерасонад. Офарин, лекин хестед, ки хобед. Худ ғояи
пайдо кардани тамоми маълумоти зарурӣ аз як манбаъ
бо пахш намудани тугмача фикри хом аст, зеро инсон
табиатан ба танбалӣ майл дошта, интернет беҳтарин
усул барои танбалтар кардани ӯст. Олиме, ки манбаи
асосии пайдо намудани маълумоти заруриаш интернет
шуд, он олим устуворона ба умқи таназзул қадам
мемонад, зеро ба истеъдоду ақл, заковату хотираи худ
ягон эътимодаш намемонад. Агар нависанда ё эҷодкор
бошад, офаридааш, хушку бемаънӣ мебарояд, зеро ӯ
ба интернет умед баста, фитрати эҷодиашро гум
мекунад. Барои илм шавқ лозим аст, интернет олоти бузургтарини куштани шавқ барои олим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё