Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
нуҷум ва адабиёт мегардонад. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки Розии баъд аз чилсолагӣ дар ҳаёташ ба гардиши бузурге ноил гардида, дар соҳаи илми тиб ба дараҷаву мақоми бузурги олам мерасад ва тибқи ифодаи Алиасғари Ҳалабӣ ба чунин мартаба соҳиб мегардад: «Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд - Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд - Рози онро фароҳам овард, ноқис буд - Ибни Сино онро комил дод».
Баробари ин дар илми ҳикмат ҳамчун симое зуҳур мекунад, ки таълими фалсафӣ ва ахлоқии ӯ дар олами илмҳои фалсафа, ахлоқ, ҷамъиятшиносӣ ғулгулае меандозад ва аксарияти донишмандони даври мутафаккир ва минбаъдро ба вартаи баҳсу мунозира иқдом мегузорад.
Мо дар ин қисми китоб баъзе фикру ақоиди ин донишманди тоҷикро оид ба масоили ахлоқи роҳбарӣ ба Шумо, хонандаи азиз пешниҳод менамоем:
Ситоиши фазилати ақл.1
Бояд зикр намуд, ки парвардигори мутаол ақлро ба инсон ато намуд ва одамизод тавассути он ба сарафрозию бузургӣ ноил гардид. Маҳз ба василаи он (ақл) аз манофеи ҳозира ва оянда баҳраманд гардида, ба шоёнтарин чизе, ки дар ҷавҳари афъоли мо вуҷуд дорад, мерасем. Гузашта аз ин ба кӯмаки он ҷавҳари аслро дарёфт менамоем, зеро ки ақл беҳтарин туҳфа - туҳфаи Худовандӣ буда, ба мо қудрату судмандӣ мебахшад.
Мо ба тавассути ақл аз ҳайвони ғайринотиқ афзалият пайдо намуда, онҳоро молик шудем. Мо ҳайвонотро мутеи ҳукми худ сохтем ва мувофиқи дархури манфиатамон ба ҳар ваҷҳе ба онҳо соҳиб шудем, то мутобиқи судмандиашон истифода барем.
Инчунин ақл марому мартабаи моро нисбат ба ҳар чизи олам баланд мебардорад. Маҳз тавассути он зиндагии мо хушу лаззатбахш мегардад. Гузашта аз ин мо ба шарофати ақл ҳастии оламро дарк мекунему ба мақсаду муроди хеш мерасем.
Албатта, мо ба василаи ақл сохтани киштиҳо ва кор фармудани онҳоро
кашф намудем, то ин ки ба воситаи онҳо баҳрҳоро аз худ карда, ноил шудем,
1 Ҳамон ҷо с. 45-46

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё