Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Аз тарафи дигар, хиради аввалро низ Форобӣ дар некӯӣ, некпарастишӣ, бахшояндагӣ ва меҳрубонии Яздони пок дида, таъкид менамояд, ки ин мӯъҷизаро низ муқаддас шуморем.
Бо ин гуфтаҳо Форобӣ моро ҳидоят бар он менамояд, ки ҳар як фард ақлу хиради заминӣ — инсониро ба ақлу хиради коинот «Илоҳӣ» равона сохта, худро бояд ба Худованди пок наздик созад.
Бояд қайд кард, ки Форобӣ дар таърихи афкори сиёсӣ ва фалсафаи ислом соҳиби мақому манзилати арҷманде буд ва донишмандон ба фаъолияти илмии вай баҳои баланд додаанд. Мақоми ин донишманди бузурги тоҷикро Забеҳулло Сафо хеле хуб баҳогузорӣ намудааст:
«Форобӣ буд, ки фалсафаро дар чашми муслимин ба сурати илми лаззатбахш ҷилва дод ва аз абҳом ва ашколи он кост ва ба тақлиде, ки дар тадбиқи ақоиди Афлотун ва Арасту ҷадид кард ва низ ба тадбиқи бисёре аз ақоиди қудамо бар мабонии исломӣ ва тафсир ва тавзеҳ ва тадқиқи ҳама мантиқиёти Арасту ва аҷзои мухталифи улум — хидмати бузурге ба таҳкими равиши мантиқӣ дар фалсафаи ислом ва эҷоди муқаддимоти давраи эскулостикӣ (мутакаллимин) дар улум анҷом дод1.
Бояд гуфт, ки Форобӣ ҳидоят ба ҷомеае менамояд, ки аз зулму золимӣ дур буда, роҳбарон аз рӯи ақлу хирад кору зиндагӣ намоянд ва ба мардум зиндагонии хубро таъмин созанд, ки ин талаботи асосии сарварии миллати тоҷик мебошад.
ЗАКАРИЁИ РОЗӢ²
(865 - 934)
Донишманди бузурги тоҷик Абубакри Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай соли 251 ҳ (865м) дар оилаи косибе таваллуд ёфтааст. Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ агар аз паи орзӯи ёфтани унсуре, ки ба воситаи он ҳар як маъданро бар тилло баргардондан шуда бошад, валекин баъдтар ҷилави истеъдоду донишро ба сӯи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт,
1 З. Сафо. Таърихи улуми ақлӣ дар ислом. с. 193.
2 Осори мунтахаб. Душанбе, 1989. — 160 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё