Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки ҳунари воло ва санъаткории Борбад барои мо хонандаи азиз нишонаи он аст, ки новобаста ба давру замон ҳар фард имкон дорад, ки касбу ҳунареро ба зинаи баланди касбӣ аз худ намояд, то аз он санъати волои ӯ ҳазорсолаҳо тамоми башар истифода намоянд.

Яке аз хислатҳои бартариятноки Борбад он буд, ки ӯ оҳанги дили мардумро дарк кард ва дигар он ки доимо дар ҷустуҷӯи навоварӣ буда, ӯро роҳи ягонаи инкишофи худ медонист. Маҳз ин нуқтаҳо барои ҳар як роҳбар зарур аст. Аз нигоҳи мо роҳбаре, ки мусиқиро дарк менамояд ва пайваста гӯш ба ӯ медиҳад, аллакай хислатҳои баланди роҳбариро низ доро мебошад. Дар ин қисми китобамон бароятон як лаҳза аз ҳаёти ин хунёгари мумтоз пешниҳод кардаем.

БОЗЁФТ1

.........Борбад рӯ ба рӯ бо Ширӯя истода чор ангушти дасти росташро бурида, онро ба дасти чап гирифтааст ва тахминан ба ин мазмун суруди вопасин гуфтааст:

«Дилам аз фиску фасоди аҳли ин дарбор ба танг омад. Бихостам ман
сароям аз дили озурдаам, аммо ба ҷои оҳанг аз синаи бирёни ман берун биомад
санг. Ҳай, афсӯс, ин сангро як замоне ном дил буд ва оҳанги он зеби маҳфил
буд. Дигар натавонам ба шоҳу ҷангҷӯён суруд гуфтан. Дигар натавонам бар
ганҷи беранҷи шоҳон дурӯд гуфтан. Ту гуфтӣ нонро пешпо назан, Борбад! Ту
дар сояи Хусрави Парвиз ёфтӣ обрӯю эътибори маснад. Ту ҳам аз шаҳди
«Хусравонӣ» ком бардоштӣ ва бар ин олами сарват суруд бахшидию ном
бардоштӣ. Дурӯғ мегӯӣ, Ширӯя! Дурӯғ мегӯӣ, дурӯғ! Ман дар ҳар тарона
дидам болу пари дилро. Ва бахшидам болу пар ба некудилҳо. Ту гуфтӣ, бе ту
ҳам ин ҷаҳон обод хоҳад буд. Оре, хоҳад буд, вале бо ту сарои адл ноозод
хоҳад буд. Ту, ки номе надорӣ, чӣ донӣ қадри номдорон? Падарро кушта
Ширинро - модарандари худро кӣ хостгорӣ кард? Ту, эй Ширӯяи дурӯя, сухан
кам бикун. Ту як дам назди дил сар ҳам бикун! Аз он саме, ки роҳ ба дарбор
ёфтам, ман аз ҳар гӯшаи кишвар бисёр ганҷу бор ёфтам. Ҳама ганҷи азизи

1 Адаш Истад. Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад. Душанбе. 1990. с.15 - 16

пешина
аз 566
навбатӣ