Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОРБАДИ МАРВАЗИ
(585 — 650)

Тахминан дар байни солҳои 585 — 589 дар Хуросонзамин фарзанди форс тоҷик ба дунё омад, ки дар таърихи ҳунари мусиқӣ, навозандагӣ ва сарояндагии ҷаҳон пойдеворе гардид, ки то имрӯз шӯҳрати худро аз даст надодааст.

Падари Борбад бештар дар иҷрои сурудҳои Зардушт «Занд» ном бароварда буд.

Марди ҳунаросою шоирманиши Нусайӣ аз илмҳои юнонӣ ва ҳиндӣ низ воқиф будааст ва ба писараш Борбад тарзи иҷрои сурудҳои мӯъбадон «Ятхааху», «Хурмуздишат», «Замзама» ва дигаронро аз худ менамояд.

Дар рӯзгори Сосониён дар шаҳрҳои коҳу донишгоҳу ҳунаристонҳои зиёде амал менамуданд. Дар санъати мусиқӣ, сознавозӣ, овозхони ҳунармандон анъанаю суннатҳои гании марказҳои фарҳангию ҳунарии он рӯзгор Самарқанду Бухоро, Балх ва дигар маҳалҳоро идома медоданд.

Дере нагузашта Борбад ҳамчун ромишгари беназир, шоир ва оҳангсози моҳир дар Аҷаму Араб машҳур гашт. Мавқеъ ва мароми Борбад дар асарҳои донишмандони форсу тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ ва дигар донишмандони Ғарб низ хеле равшан дарҷ гардидааст.

Чуноне, ки Абулқосими Фирдавсӣ оиди хушгуфторию мусиқадонии Борбад менависад:

Суруде бо овози хуш баркашид,
Ки акнун ту хониш «Додофарид».
Зананда дигар чун биёрост руд,
Баровард ногоҳ дигар суруд,
Ки «Пайкори гурд» - аш ҳаме хонданд,
Ҳаме ном аз овози ӯ ронданд.
Баромад дигарбора овози руд,
Дигаргунатар сохт бонги суруд.
Ҳамон «сабз андар сабз» хони кунун,
Бар ин гуна созанд макру фусун.

пешина
аз 566
навбатӣ