Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат олимони тамоми дунё имрӯз ақидаи онро доранд, ки тамаддуни Ориёӣ таърихи зиёда аз 7000 сола дорад. Маълум гардидааст, ки Калдониён чандсад сол пеш аз фиръавнҳо дар Бобулистон тамаддуни Ориёиро сомон дода буданд ва имрӯз таърихнависон ибтидои тамаддуни башарро на аз Мисри қадим, балки аз Бобулистон мешиносанд.

Аввали асри XX бостоншиносон нишонаҳои хатҳои мехиро ёфтаанд, ки аз рӯи гуфтаи академик Мюнтер ин забон, забони халқи ҳукмрони ҳамон давра, забони форсии қадим буд. Маҳз бо талошу ҷунбозиҳои зиёди муаррихон ва муҳаққиқони олмонӣ, шарқшиносу иқтисоддонҳо муяссар гаштааст, то муайян созанд, ки кадом қабилаҳои ориёинажод аввалин шуда, ба паҳн намудани хиради Ориён шурӯъ намоянд, то Ҳиндустону Эрону Ғарби Руссия онро бубаранд. Аз ин ҷост таърихи Руссия ва Осиёи Миёна решаи якхела доранд. Чуноне, ки инро олими бузурги рус М.В.Ломоносов тасдиқ карда менависад: «Бобокалонҳои славянии мо аз Шарқ бо ду роҳ, ба Аврупо гузаштаанд: аз ҷануб ба воситаи баҳр, аз шимол ба воситаи хушкӣ муҳоҷират намуда ва дар ин ҷо афзоиш ёфтаанд. (Ломоносов М.В.-1766.ниг., ба Юшин В. 1999с). Инчунин, бояд қайд кард, ки яке аз асосгузорони мактаби шарқшиносии Руссия академик Тураев Б.А. дар тадқиқоти таърихи Шарқи Қадим ҳиссаи бузурге гузоштааст. Шарқшиноси бузурги асри XIX Ленорман Ф. доир ба таърихи форсҳо чунин менависад:

«Ин нажод ҳанӯз дар наздикии гаҳвораи аввалини баъди обхезии умумиҷаҳонӣ таркиб ёфта, ҷои сукунати наслҳои Нӯҳ, дар Бохтар, мамлакате, ки мо онро бояд барҳақ ҳамчун иқоматгоҳи қадимаю таърихии қавмҳо шиносем ва худи мо низ ба он тааллуқ дорем. Шохаи аслии аз Ёфат пайдошудаи онҳо, аллакай мустақилона вуҷуд дошт ва бо шеваҳои ҷудогона ҳарф мезад, ки ба як забони умумӣ тааллуқ дошт ва ҳамаи ин ирқро номи умумии Ориёӣ ва ё Ария «Мӯътабар»-ро ифода мекард. Оҳиста-оҳиста шумораи Ориён афзуд, наҳзати Ориёнро ба вуҷуд овард ва ин наҳзат ба тарафи шарқии Осиёи Миёна, ба сӯи қуллаҳои баланди Помир ва Хатлон ҳаракат намуданд.

Баъдан онҳо ба сӯи Бохтар, ки аз Бадахшону Кӯлоб ибтидо то Урганҷ анҷом меёбад, маскан гирифта аксарияти мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро ба наҳзати Ориён ҷалб намудаанд. Асосгузорони тамаддуни Ориёӣ - Турониён

пешина
аз 566
навбатӣ