Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
2006-ум) ва дигар ҷашнҳои бузурги таърихӣ, шаҳодати зинда гардидани осори қимматбаҳои миллати тоҷик буда, барои инкишофи ояндаи дурахшони он хизмат менамоянд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки илми роҳбарӣ дар баробари илмҳои дигар аз ҷумла: фалсафа, адабиёт, табиатшиносӣ, ситорашиносӣ, риёзӣ, рӯҳшиносӣ ва ғ. пайдо гардида, қариб ҳамсолу ҳампояи таҷрибаи истеҳсолии одамон мебошад. Ҳанӯз дар замони худ Зардушт, дар заминаи таҷрибаи истеҳсолии хеш тадбири идораи деҳоту музофот ва ҷаҳондории пешиниён «Авесто»-и бузургро таълиф карда буд.
Дар ин асари бузурги идоравӣ қоидаҳои ташкили кор, роҳу усули истифодаи самараноки истифодаи обу замин, ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ, обёрии заминҳо, кандани корезҳо, издивоҷу оиладорӣ, солимии муҳити зист, тарбияи фарзанди солим, қоидаҳои роҳбарӣ ва муносибати ҳасанаи ҳар як роҳбар ба кору касбу ҳунару одамшиносӣ баён гардидаанд.
Бояд қайд кард, ки ин илм баъдан дар осори хирадмандони миллати тоҷик Балъамӣ, Низомулмулк, Форобӣ, Борбади Марвазӣ, Абуабдуллои Рӯдакӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Низоми Ганҷавӣ, Фаридидуни Аттор, Носири Хисрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Сайидои Насафӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Бедил, Шамсуддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ашур Сафар, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигар донишмандони тоҷик ба зинаи олии эҷодӣ расонида шудааст, ки мислашро ҳанӯз миллате эҷод накардааст.
Аз ин хотир, таърихи тамаддуни ориёӣ саҳифаи пурарзиштарини таърихи инсоният мебошад, ки қабл аз дини масеҳӣ, насронӣ, эллинизм ва адёни дигар бунёд гардида буд. Таърихи хиради ориёӣ аз Осиёи Миёна аниқтараш аз Бохтар сурат гирифта ба тамоми Шарқ, баъдан ба Ғарб, пас аз 1000 солаҳо ба Амрико ва умуман ба тамоми кураи замин паҳн гардида то имрӯз дар инкишофи хиради башарӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули менеҷменти муосир мақоми пурарзиши худро доро мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё