Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

нишонагирӣ ба нафақахӯрон, ки ба замони Шӯравӣ хос буд, баргашта ҷавонони қобилиятнокро аз худ дур созем. Маҳз нигоҳи навини мавқеъгирии мутахассисон қоидаи нав касб намудани раванди фаъолияти менеджменти муосири тоҷик хоҳад гашт. Дар мавқеъгузории қадри сарварӣ ташкилот бояд нақши марказӣ бозида, қувваи ҳаракатдиҳандаи асосӣ бошад, яъне аллакай дар шароити имрӯза фақат роҳбар буда наметавонед ва барои ташкили самараноки фаъолияти роҳбарӣ бояд пешво низ бошед. Оиди пешвоии роҳбарӣ ва талаботҳои он мо дар қисми 2-3-юми китоби мазкур муфассал гуфта гузаштаем.

Ин раванди ташаккул ҳамон вақт қавӣ мегардад, ки ҳолати пешвоии худро истифода карда, дар масъалагузорӣ ва мақсадгузорӣ онро хирадмандона ба роҳ монед. Нишонаи асосии муваффақияти сарварӣ маҳз ба пешвоӣ вобастагӣ дорад. Вақте мавқеи баландро муваффақ мегардед, аллакай аз ҳалли аксар масоили ҷорӣ, ки пештар банд будед, халос гашта, иҷрои онҳоро ба дигарон, ки ба ҳайати дастаи кориатон дохиланд, вогузор менамоед. Ҳолати имрӯзаи суръати инкишоф водор месозад, ки аз рӯи қоидаи даставӣ амал карда, оиди тамоми раванди ташкилотатон кормандону мутахассисони варзида дошта бошед, ки малакаи баланди кордонӣ дошта, ба Шумо кӯмаки бевоситаи амалӣ расонида тавонанд, чунки ҳудуди муносибатҳои роҳбарии ташкилотҳо ҳоло чунон васеъ гардидааст, ки як нафар — фақат сарвар имкони вақти дарки масоилро надорад ва вақти кориаш низ кифоя намекунад. Аз ин нуктаи назар фаъолияти даставии роҳбарӣ шакли самараноки дарки сарварии ҳолатҳо ва ҳодисаҳо дар менеджменти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

  1. Ташаккули навсозӣ ва мувозинатии рафтори сарварӣ.

Шиддатнокии фаъолияти сарварӣ ва бефосилагию тағйирёбандагии ҳолатҳо, инчунин ташаккули талаботҳо навсозии донишу қувваи рӯҳӣ ва ҷисмониро талаб мекунад. Доимо нигоҳ доштани ҳолати хуби ҷисмонӣ дар натиҷаи варзиши пайвастаи бадан, хӯроки сергизо ва саривақтӣ, риояи реҷаи корию истироҳат аз равандҳои асосии ташаккули устувори сарварӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, мутолиаи пайвастаи навовариҳою китобҳои касбию бадеӣ ва мактубу дастурҳои ҳамкорӣ, нигоҳдории ҳолати мувозинатии рӯҳӣ ва зеҳнӣ низ

пешина
аз 566
навбатӣ