Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
раванди асосии ин модел ба ҳисоб рафта, барои рушди босуботи сарварӣ кӯмаки калон мерасонанд.
Аз тарафи дигар, ин нигоҳ доштани ҳолати доимии кории сарвар ба шумори рафта, рӯҳшиносон онро ба чор гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:
- Ҳолати ҷисмонии сарварӣ.
- Ҳолати зеҳнии сарварӣ.
- Ҳолати рӯҳии сарварӣ.
- Ҳолати иҷтимоии сарварӣ.
Вобаста аз ҳолатҳои номбаркардашуда мо дар мавзӯъҳои алоҳидаи китобамон муфассал андешорон намудаем ва танҳо таъкид менамоем, ки ин чор шохаи як дарахт буда, бояд доимо ҳама шохаҳо сарсабз бошанд, вагарна дарахт аз сабзиш монда, хушк мешавад.
Ҳолати ҷисмонии сарварӣ - аксар ҳолатҳо мо сарварони корхонаҳоро мебинем, ки ба ин паҳлӯи сарварӣ, яъне ҳолати ҷисмонии худ эътибор надода, бо хӯрдани хӯроки зиёди бемайлон худро чунон фарбеҳ месозанд, ки ҳатто дар вақти сухан гуфтан нафасашон гирифта, фикрашонро дуруст баён карда наметавонанд. Агар ба намуди зоҳирии онҳо назар афканед, хандаовар буда, албатта, ба шаъни сарвари корхонаи замонавии тоҷик зебанда нест.
Дар натиҷаи фарбеҳшавии бемайлон дар овони ҷавонӣ роҳбарон ба садҳо бемориҳо дучор гашта, нисфи вақти кори худро дар табобатхонаҳою хонаҳои истироҳатӣ мегузаронанд. Оиди пагоҳии барвақт хеста, ба ягон намуди варзиш пайваста машғул шудани аксар роҳбарон, ҳоҷати сухан нест.
Бояд дар назар дошт, ки машқи пайвастаи бадан, истеъмоли хӯрок аз рӯи меъёр ва ба намуди зоҳирии худ диққат додан, талаботҳои асосии навсозии сарварии менеҷменти муосир ба ҳисоб рафта, қувваи ҷисмонии сарварро мустаҳкам карда, қобилияти фикррониро пурхӯр месозад.
Ҳолати зеҳнии сарварӣ — ин раванд нерӯи асосии роҳбарӣ ба ҳисоб рафта, доимо такмилу инкишофро талаб менамояд. Ин қисмати олии арзишҳои роҳбарӣ буда, сарчашмаи муваффақиятҳои шумост. Роҳҳои нигоҳ доштани қобилияти баланди зеҳнии роҳбарӣ ва пуркувватсозии он гуногун буда, онро бояд вобаста ба мавқеи сарварӣ ва масоили роҳбарӣ ташаккул дод. Аксар роҳбарон онро бо мутолиаи китобҳо ва сарчашмаҳои ахбории нав мустаҳкам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор