Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи хиради менеджменти тоҷик дарки ин масоили мураккаби роҳбариро шахс дар фаҳмиши равандҳои бартариятноки талаботи инкишофи замон дида, вобаста ба он бояд кору фаъолият кунад, чунки вобаста ба масоили тағйирёбандагии ҳолатҳо назарияи идораи вақт, роҳу усул санъати роҳбарӣ ва захираҳои роҳбарӣ низ тағйир ёфта, қуввату ғайрати фардии роҳбар низ дигар мешавад.

Агар ба ҷараёни ин тағйирёбандагӣ назар афканем, ба ҷараёни дигари эволютсионии инкишофи башарӣ шабоҳат дошта, фарқияташ танҳо дар он аст, ки баъзе ҳолатҳо метавонад суръати револютсионӣ гирад. Агар ба суръати инкишофи саноатӣ ва махсусан, технологияи ахборӣ ва саноати автомобилсозию ҳарбӣ назар афканем, суръати инкишоф чунон баланд аст, ки ба ақидаи соҳибкори машҳур Билл Гейтс суръати ҳаракат дар 1 сол баробари 10 соли солҳои 90 - уми асри XX зиёд гаштааст. Вобаста аз ин суръати мақсадгузорӣ ва қоидаҳои стратегии инкишофи корхона тағйир ёфта, мӯҳлатҳои мақсадҳо аллакай нимсола, яксола ва дарозмуддати 3 сола ҳисоб мегарданд, на 5-10 сола, ки ба асри гузашта хос буд.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки суръати ҳаракат низ тағйир ёфта, роҳи тай намудани мақсадҳо бояд хеле кӯтоҳ карда шаванд. Барои таъмини чунин талаботи инкишофи босубот пеш аз ҳама бояд монеаҳои бюрократии идоравӣ, ки садди роҳи инкишофанд, бартараф карда шаванд, яъне аллакай талабот ба сарвари тағйирёбандаи фикрронии пуркувват пайдо гашта, камсаводону танбалон ҷойро холӣ намоянд. Аксари ин гуна роҳбарон шояд як мӯҳлате боз муқобилият нишон диҳанд, вале дар назди қувваи инкишоф тоб наоварда, бо гузашти андаке вақт онҳо худашон барои роҳбарӣ нолозим шуда мемонанд. Аз ин хотир, дар консепсияи рушди босуботи сарварӣ дарки пурраи ҳолатҳо ва ҳодисаҳои воқеии ҳаёти ҷомеа доимо дар мадди аввали ҳаёти мураккаби роҳбарӣ бояд қарор гирад.

Яке аз омилҳои баланд гаштани самаранокии фаъолияти шумо нишонагирии доимӣ ба кормандон мебошад. Пеш аз ҳама ба он кормандони ҷавони ояндадоре, ки вобаста ба ҳолатҳо қобилияти баланди эҷодкорию тағйирёбандагию пешравӣ дошта, доимо дар ҷустуҷӯи навоварӣ ва эҷодкорӣ буда, нерӯи баланди дарки ҳолат доранд. Пас, мо набояд дигар ба қоидаи

пешина
аз 566
навбатӣ