Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҳар як фарди соҳибақл ин худшиносӣ буда, беназирии ҳукмронии шахс низ дар дасти худи ӯст.
Барои ташаккули сарвари доно сохтани модели махсуси ҷаҳонбинии роҳбарӣ аз овони кӯдакӣ шарти зарурӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, хуб мебуд, ки дар мактаби таълимоти ҳамагонӣ аз синфҳои поёнӣ шурӯъ карда, фанни Сарвариро дар қатори дигар фанҳои асосӣ дохил намоем. Бояд гуфт, ки ин як ҷадвали тайёри нигоҳи фардӣ ба ин ё он ҳодисаи атроф буда, кӯдак аз хурдӣ онро аз нигоҳи роҳбарӣ баҳо дода, мувофиқ ба он ҳаракат менамояд. Мо аксар маврид дар зиндагӣ ба ҳодисаҳое дучор мешавем, ки барои иҷро ва ё фаҳмиши ҳолате кӯшишҳои чандинқарата ва вақти зиёде сарф карда ба мақсад намерасӣ ва ё расм ҳам баъди чандин солҳои азобу машаққат. Баъди анҷоми амал вақте ки фаъолияти хешро бо дигарон ва бо роҳи илмӣ муқоиса мекунем, дарк менамоем, ки ба хато роҳ додаем, аммо афсӯс, ки вақт ҳамеша даргузар аст.
Бинобар ин, ҳар як фард соҳиби системи асаб мебошад, ки аз миллиардҳо пайвастагиҳо иборат буда, қариб оиди ҳар як ашёи муҳит фаҳмиши худро дорад. Аммо ин фаҳмишҳо аксар маврид ин шахсро фиреб медиҳанд, яъне агар дарки воқеии ин оламро аниқу дуруст ва илман асоснокшуда надошта бошем, тамоми умр фиреб хӯрда, мавқеи худро на танҳо дар ҷамъият, балки дар табиат низ ёфта наметавонем. Аз ин хотир, мо талош намоем, ки асаби мо қобилияти дарки ҳама гуна масоилро дошта бошанд. Қобилияти рафтории мо натиҷаи фикрронӣ ва дарки ақлониамон оиди ҳодисаҳо ва муҳит мебошад. Дар ҳаёт мо ҳодисаҳоеро дучор мешавем, ки як мафҳум ва ҳатто як рангро одамон ба таври гуногун дарк мекунанд ва қариб ду одами ақидаи якхела дошта, дар замин вуҷуд надоранд. Мушкилии роҳбари низ дар ҳамин нуқта қарор дорад, ки чӣ бояд кард, ки фикри гурӯҳи одамон ба як нуқтаи умумӣ омада расад ва онҳо якхела кору фаъолият кунанд.
Нуқтаи дигари ташаккули инкишофи сарвариро оиди дарки ҳодисаҳо ва муҳит ташаккули модели иҷтимоии роҳбар меноманд. Дар ташаккули ин модел оила, масҷид, мактаб, маҳалла, дӯстон ва муҳити ҷамъиятӣ мақоми махсус доранд, ки мо оиди он дар мавзӯъҳои гузашта махсус гуфта гузаштаем. Маҳз дар ин нуқта модели фардии фаҳмиш ба модели иҷтимоӣ бархӯрда, танҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор