Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳолате метавонад обутоб ёбад, ки ҳар ду модел мақому мақсаду мароми якхелаи ақлонӣ дошта бошанд. Дар ҳолати муқобил ба ташаккули сарвари оянда таъсири манфӣ расонида, шояд ӯ дар ҳамон зинаи поёнӣ қарор гирифта, дигар инкишоф наёбад. Вазифаи оила, устод ва дӯсту рафиқ низ дар он мебошад, ки доимо ба фарзанд воқеяти муҳит ва ҳодисаҳоро таълим дода, кӯшиш намоянд, ки назари некбинонаи тозаи табииро дар модели ташаккули фардӣ ворид созанд, чунки вақте мо дар бораи ягон ҳодиса ва ё муҳит нависем ва ё сухан ронем, ин на ҳолати аслии воқеа, балки нигоҳу дарки фардии худи мо оиди ин ҳодиса мебошад. Аз ин нуқтаи назар, аллакай пай бурдед, ки барои қарори дурусти воқеӣ қабул намудани роҳбар, ин раванди ташаккул то чӣ андоза шарти зарурӣ ба ҳисоб мерафтааст ва дар хотир дошта бошед, ки тамоми дигар фаъолиятҳои пасоянди сарвар, аз ҳамин нуқта сарчашма мегирад.

  1. Ташаккули худдарккунӣ ва аз болои хеш ғалаба кардани сарвар.

Хислати фардии шахсони алоҳида баъзан аз мавҷуд будани роҳҳои сифатан наву босуръати ба муваффақиятҳо ноил гаштани роҳбарон шаҳодат медиҳад, ки ба он мо дар мавзӯъҳои гузашта ҳамчун қобилияти баланди илоҳӣ баҳо дода будем. Дар ин мавзӯъ, мо мехоҳем бештар оиди масоили умумии худдарккунӣ ва худназоратӣ андешаронӣ намоем. Дар зиндагӣ одамонеро мебинем, ки надонистаю нафаҳмида ба корҳо ва фаъолиятҳою вазифаҳое даст мезананд, ки дар муддати кӯтоҳ дур будани худро аз худшиносӣ, донишу хирадмандӣ нишон дода, эътиборашонро дар байни мардум гум карда, ба сафи миллионҳо одамони оддии рӯи замин шомил мегардад. Аз ин хотир, мо бояд дар назар дошта бошем, ки тамоми ҷараёни зиндагонии инсон аз давраҳо ва пайдарпайҳои мантиқию вақтӣ иборат буда, ҳар як давра ба худ хусусияту вазифаҳои махсуси худро доранд. Гарчанде аз аввали ба дунё омадани фарзанд мо ба чашми худ мебинем, ки ӯ аввал ба паҳлӯ гаштан, баъдан чорпо рафтан ва роҳ рафтану давиданро ёд мегирад, ба зинаҳои дигари инкишофи ӯ эътибор намедиҳем ва андеша менамоем, ки гӯё роҳи минбаъда рост бошад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки ҳар давраи муайяни ҳаёт ба худ қобилияти махсуси дарки

пешина
аз 566
навбатӣ