Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
бошад, бояд чунин рафторе дошта бошед, ки мақбули ҷамъият бошад. Аз ин ҷо чунин натиҷа бармеояд, ки бе ташаккули хислати ҷамъиятӣ, хислати фардӣ ба қуллаҳои баланд расида наметавонад. Мушкилоти асосӣ он аст, ки ин ду хислати гуногун чӣ тавр бо ҳамдигар дар хислати як фард мувофиқ мешаванд. Масалан, вақте, ки Шумо азми ба фарзанди хеш ягон чизи навини тарбиявӣ додан карда, моҳҳои дароз ба ӯ адаб меомӯзед, кӯшишҳои зиёде мекунед, то андӯхтаатон ба дили ӯ ҷой гираду мувофиқи матлаб ва дурустии онро қабул ва дарк кунад.
Аммо як замон мебинед, ки ӯ аз кӯча омада бо завқи баланд ақидае пешкаш мекунад, ки ба фикру андешаҳои Шумо тамоман зид аст. Аз ин ҳолат чунон асабӣ мешавед, ки ҳатто фарзандро дигар ба кӯча рафтан намемонед. Дар ҳақиқат, мушкилии тарбия низ дар ҳамин нуқтаҳо зоҳир мегардад. Пас, мо бояд доимо дар ҷустуҷӯи ташаккули хислати фардӣ бошем ва онро чунон инкишоф диҳем, ки аз зинаи хислати ҷамъиятӣ доимо зинае баландтар истад.
Устодон низ аксар мавридҳо хислати ҷамъиятиро истифода карда, ба
шогирдон оиди фикру ақидаҳои шахсиятҳои бузурги гузашта сухан гуфта,
мушоҳида менамоянд, ки шогирдон онҳоро ё гӯш намекунанд ва ё намефаҳманду
қабул намекунанд. Устод асабӣ шуда, асли воқеаро дарк намекунад, ки барои чӣ
шогирд ӯро қабул накард? Хатои устод низ дар он мебошад, ки хислати
фардиро ба эътибор нагирифта, мехоҳад шогирдон фикри ҷамъиятии ӯро қабул
кунанд. Агар инро аз нигоҳи мантиқӣ баҳо диҳем, монандӣ он аст, ки деҳқон
тирамоҳ ба замин донае напошида, баҳор ба ӯ нуриҳои минералӣ медиҳаду пору
мепошад, ки ҳосил гирад, аммо тухмӣ ки напошидаед, ғайр аз алафи табиию хор
ҳосили дигар гирифта наметавонед. Аз ин ҷо мебояд андеша кард, ки пеш аз
талаби ҳосила аз замини худ аввал тухмии муносиберо бояд кошта бошем. Баъзе
ҳолатҳо низ мушоҳида мешаванд, ки баъзе шахсон хислати ҷамъиятиро истифода
карда, бо ягон ҳиллаю найранг ба вазифаи роҳбарӣ таъин мегарданд ва муддате
нагузашта ба азоби рӯҳӣ дучор мегарданд, ки чаро кормандон ба суханони вай
эътибор намедиҳанд ва чаро ӯро эҳтиром намекунанд? Аммо бехабар аз он аст,
ки ӯ хислати фардии ташаккули фаҳмиши муҳит ва ҳолатҳоро надорад ва ҳатто
дар хонааш ӯро ҳурмату эҳтиром намекунанд. Дар натиҷа ба бемории рӯҳӣ
гирифтор шуда, баъди аз вазифа рафтан мавқеи ҷамъиятии худро низ аз даст
медиҳад. Аз ин хотир, донишмандон мефармоянд, ки вазифаи муқаддас ва олии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор