Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ва ё ҳалли масъалае бароитон мушкил ва ё нофаҳмо бошад, боз як маротибаи дигар қисмҳои аввали китоби Менеҷментром бодиққат мутолиа намоед ва ба саволҳои хеш ҷавоби аниқ пайдо мекунед. Ҳоло бошад, дар шакли мушаххас равандҳои дар боло гуфташударо шарҳ медиҳем:
- Ташаккули хислати қабули ҳодисаҳо ва муҳити сарварӣ.
Омӯзиш ва тадқиқоти масоили рафтори роҳбарӣ моро ба чунин хулоса овард, ки барои ноил гаштан ба муваффақияти тарбия ва ташаккули роҳбарӣ мақоми асосиро оиди қабули ҳодисаҳо ва муҳит хислати ботинии фардӣ мебозад. Хислати ботинии ҳар як инсон қоидаҳои аввалини ташаккули самаранокии зиндагонии худро дорад. Фақат ҳамон шахс қобилияти ба мақсади олии хеш расиданро пайдо мекунад, ки қоидаҳои хислати қабули ҳодиса ва муҳитго ба решаҳои чуқури сарчашмаи табиати одамӣ бурда расонида тавонад. Расидан ба сарчашмаи табиати одамӣ, қоидаи асосии хислати қабули ҳодиса ва муҳит гардида, ҳар як фард онро бояд дарк карда, одати ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои худ шоҳроҳи бузурге созад, ки дар ҳама ҳолатҳо дилпурона дар он ҳаракат кунад ва ягон ҳолат ӯро аз ин шоҳроҳи бузурги ақлонӣ бароварда натавонад.
Дар таърихи инкишофи башарӣ хислати фардии инкишоф асосан бо ду раванд сурат мегирад.
-
Бо роҳи муносибатҳои муайяни байни одамон ва тарзу усули таъсиррасонӣ байни одамон.
-
Бо роҳи дарки рӯҳии фардии ҳодисаҳо ва ҳолатҳо.
Аз ин хотир, баъзе рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки муносибати Шумо ба ҷамъият бевосита мавқеатонро дар он муайян месозад. Ё ба ақидаи гурӯҳи дигар инсон чунин қобилияти баланд дорад, ки агар баҳри ноил гаштан ба мақсадҳо эътимод дошта бошад, ҳатман муваффақ мегардад. Дар ҳақиқат ин ду фикр давоми мантиқии ду ақидаи боло буда, барои ташаккули сарвари доно шарти зарурӣ мебозад. Пас, бояд гуфт, ки барои хислати фардии ҳар як сарвар боз фаҳмидани хислату рафтору ақидаи дигарон низ аз манфиат холӣ нест. Барои он ки дигарон эҳтироматон намоянд ва суханатон ба онҳо таъсир дошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор