Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хонандаи азиз, мақсад аз овардани ин мисол дар он аст, то ҳар яке мо доимо дар ёд дошта бошем, ки падару модар ва оила барои мо беҳтарин сарчашмаи хираду меҳру муҳаббат мебошанд. Бинобар ин, дар оила бояд муҳите ҳукмфармо бошад, ки аз иҷрои ин вазифаи муқаддаси хеш баромада тавонад ва барои оянда шахсиятҳои барҷастаро ба майдон биёрад.

Луқмони Ҳаким вазифаи муқаддаси падару модар ва оиларо барои фарзанд чунин мешуморанд:
❖ Ба фарзанд номи зебо гузоштан ва дояи солимро интихоб кардан;
❖ Интихоби мураббии хирадманд ва тарбияи хуби ҷисмонӣ ва зеҳнии фарзанд;
❖ Таъмини шароити муносиб ба андӯхтани дониш ва маълумоти пурра гирифтан;
❖ Ҳунареро омӯхтан ва касберо аз худ намудан;
❖ Оиладор кардан.

Дар навбати худ фарзанд низ бояд бо чунин талаботҳои оила ҷавобгӯ бошад:
❖ Падару модарро дӯст дорад;
❖ Ба гуфтори падару модар доимо итоат намояд;
❖ Дар вохӯрию сӯҳбат бо онҳо кушодарӯй ва ҳалим бошад;
❖ Хоҳиши падару модарро бе чуну чаро иҷро намоянд;
❖ Доимо кӯшиш намояд, ки волидайнро наранҷонанд;
❖ Ба хурсандии онҳо шарик бошад ва дар ғамгинӣ мададгор;
❖ Ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки онҳо азият кашанд.

Дар охири ин мавзӯъ ба фарзандони азиз, муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки Ватан, модару падар, оила ва сарварро муқаддас шуморида дӯсту эҳтиромашон намоед ва Худо хоҳад хушбахт мегардед.

50.3. Таълими фарзанди солим ва донишманд, кафолати хиради менеҷменти ояндаи тоҷик

Рӯҳшиносон дар он ақидаанд, ки вақте бадани бача сахт шуда, лаҳни гуфтораш дурусту гӯаш шунаво мегардад ва хоҳиши шунидани суханро пайдо

пешина
аз 566
навбатӣ