Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Махсусан, хонае, ки ҳар яке мо бино месозем ва дар он оила барпо мекунем, бояд қалъае бошад, ки дар дохили он тамоми муқаддасоти инсонӣ ҳукмфармоӣ намояд ва касе бо нияти ғайр ворид гашта натавонад. Маҳз барои мардуми тоҷик, ки дар асл мардон сарвари оила мебошанд, вазифадор ҳастанд, ки бо рафтору фаъолияти хирадмандона ин хонаро бо гармӣ, меҳру муҳаббат, донишу саховатмандию воситаҳои дигари моддӣ таъмин созанд, то барои дар оянда давом додани насли навраси донишманду солиму ҳалим шароит муҳайё бигардад.

Дӯст доштани падару модар, фарзанд ва ба ҷо овардани эҳтироми эшон дар оянда ба худи Шумо аз ин бештар дӯстдорию меҳру муҳаббат бармегардонад. Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибақл бояд дар хотир дошта бошад, ки падар баъди Худованди пок дуюмин мебошад, ки дар ба дунё омадани мо саҳми беандоза дошта, модар ҳимояткунанда ва нигоҳдорандаи мо буда, ба ҳар яке мо бо сад меҳру муҳаббат шири сафед додааст, ки онро бояд поку муқаддас дорем.

Аз тарафи дигар онҳо ганҷинаи хирад мебошанд, ки сарчашмаи ноил гаштан ба донишмандӣ, инсондӯстӣ, адолатпарастӣ, ҳақиқатпарастӣ ва хирадмандӣ буда, рафтори онҳо барои мо оина мебошад.

Ҳикоят мекунанд, ки дар замони подшоҳии Луқмони Ҳаким падару писарро барои дуздӣ гумонбар дониста пеши қозии оварданд: «Қозӣ фармуд, ки ба ҳар яке онҳо 50 тозиёна зананд. Дар навбати аввал падарро заданд. Чунон сахт заданд, ки аз даҳону бинӣ хун шорид, вале дар назди писар овоз набароварда, хомӯш, дандон ба дандон монда тоқат кард. Аммо вақте ки ба латукӯби писар оғоз карданд, падарро оҳу фиғон баланд шуд. Луқмони Ҳаким, ки ин ҳодисаро тамошо мекард, падарро ба назди худ ҷеғ заду пурсид: Барои чӣ вақте худатро 50 тозиёна заданд, овоз набаровардӣ, ҳоло ки писаратро ақаллан 5 тозиёна назадаанд, ин қадар доду фиғонат баланд гашт? Падар ҷавоб дод, ки он 50 тозиёна ба тани ман мезаданд ва он тоқатфарсо буд, аммо вақте ки ба дили ман 5 тозиёна заданд, барои ман дарди вазнин аст. Луқмони Ҳакимро ин сухан писанд омад ва гуфт, ки ин гуна шахси хирадманд, ҳеҷ гоҳ дуздӣ намекунад». Бо ҳамин васила онҳоро ҷавоб доданд.

пешина
аз 566
навбатӣ