Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мекунад, бояд ба ӯ илму адаб омӯхт. Аз дигар тараф, ин талаботи худи кӯдак мебошад, ки чизи нав омӯзад, муҳитдро дарк намояд ва барои худ чизи нав офарад. Агар мо ин талаботро бо илму адаб таъмин насозем, кӯдак ба кӯча рафта, ҷои онро бо рафтору фаҳмиши дигари кӯчагӣ банд мекунад.
Барои илмомӯзӣ пеш аз ҳама мураббиеро бояд ҷустуҷӯ ва интихоб намуд,
ки ҳалим, зебо, чеҳракушод ва парҳезкору боахлоқ бошаду роҳу усули
муоширатро хуб донад. Агар мо хоҳиши тарбияи дурусти фарзандамонро дошта
бошем, пайвастагии боғча - хона - мактабро зери назорати қатъӣ қарор дода,
дар ҳар яке аз ин нуқтаҳо таълим ва тарбияро ба зинаи воло талаб карда,
худамон дар ташаккул ва назорати аз худ кардани он бевосита бояд иштирок
намоем. Доимо дар хотир дошта бошед, ки бартарияти инсон дар ҷамъият дар
ҳама давру замон донишмандии ӯ ба ҳисоб меравад. Аз дигар тараф, ӯҳдадории
инсонӣ ва қарзи одамӣ дар назди ҷамъият низ дониш буда, худшиносии зинаи
олии инкишофи инсонӣ дониста мешавад. Аз ин хотир, тарбия ва дониш ҳамчун
санъати роҳбарӣ ва хиради ояндаи менеҷмент ҳисоб рафта, пойдеворашро оила,
боғча ва мактабу донишгоҳ мегузоранд. Чӣ хеле, ки дар мавзӯъҳои гузашта, оиди
қобилияти баланди илоҳии сарварӣ қайд намудем, агар он қобилият бо
тафаккури заминӣ пайваст нагардаду ба кӯдак дониш наомӯзем, он гоҳ вай дар
шакли аввалии пайдоиш қарор гирифта, бидуни инкишоф нобуд мегардад. Аз ин
хотир, дониш сайқалдиҳандаи қобилиятҳо буда, тафаккури инсонро васеъ ва
пурзӯр мегардонад. Ин қудрату тавоноие, ки дониш ба инсон медиҳад, нисбати
ҳама қувваҳо афзалиятноктар буда, одамро аз ҳама гуна тарсу ҳарос ноумедию
дилхастагӣ нигоҳ дошта, дар тамоми ҳолатҳо дар танатон ҳамчун ҷавшан
мебошад. Аз дигар тараф, ҷомеаи инсонӣ наметавонад бе илму хиради
навоварӣ дар ташаккул бошад. Маҳз, ҷавҳари фарқкунандаи инсон аз дигар
олами зинда ақли ӯ мебошад. Аз ин мебояд, ки мо барои шукрона ва эҳтироми
ақли ба мо атошуда онро бо дониш сайқал дода, барои пешрафти ҷомеаийти
инсонӣ сафарбар намоем. Гарчанде мо пару бол надошта бошем ҳам, ақлу
дониши мо метавонад пару боле гардад, ки мо аз паррандагон ҷазорҳо маротиба
болотару дарозтар парвоз дошта бошем. Ё ҳарчанд қувваи ҷисмонии мо аз
баъзе ҳайвонот камтар бошад ҳам, бо қувваи рӯҳию донишамон ҳайвонҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор