Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
медиҳад, ки бо атрофиён доимо дар муомилаи хуби инсонӣ қарор дошта, аз имконоти зеҳнии онҳо самараноқ истифода бубаред. Ва сарф намудани ин қобилияти баланд дар меҳнат имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини талаботи мардум бо маҳсулоти корхонаатон талаботи фардиатонро низ таъмин намоед. Дар ин ҷо бояд як нуктаро таъкид кард, ки меҳнатро қадр карда, ҳамон кору фаъолиятеро озодона интихоб намоед, ки дӯсташ медоред, ба Шумо писанд аст ва аз ӯҳдаи иҷрои он мебароед. Меҳнат кардан ва доимо машғули коре будан барои асаби инсон низ бузургтарин неъмат буда, имкон медиҳад, ки худро аз ҳар гуна бемориҳо эмин дошта, умри дароз бинед.
- Одамшиносӣ ва рафтори ҳалим доштан. Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид менамоянд: Шумо гӯед, ки дӯстатон кист, ман мегӯям, ки кистед. Дар ҳақиқат ҳар як фард маҷбур аст, ки бо гурӯҳи муайяни одамон ҳамкорӣ, бо гурӯҳе дӯстию рафоқат ва бо гурӯҳе дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ дошта бошад. Аз ин хотир, атрофиён барои сарватмандии Шумо метавонанд таъсири дутарафа расонанд. Агар атрофиён одамони накӯ бошанду хирадманд, он гоҳ ба тамоми зинаҳои баланди инкишоф мерасед, вале дар сурати носолимӣ ва майзадаю камсаводу бенизом будани атрофиён, дар як муддати кӯтоҳ шумо низ ба он муҳит ҳамроҳ шуда худро аз даст медиҳед. Бинобар ин, мо бояд ҳар як шахсиятеро, ки корманди мо ва ё дар атрофи мо мебошанд, пурра омӯхта, дар тарозуи ақл баркашида, баъд аз он хулосаи зарурӣ барорем, ки оянда мо бо ӯ ҳамҷоя метавонем кору фаъолият намоем ё не. Бояд гуфт, ки одамон бо мақсади муайяне мехоҳанд бо шумо ҳамроҳ шаванд. Яке аз рӯи вазифаатон, дуввумин барои молатон, сеюмин бо мақсади гаразноки дигар, чорумин барои одобу рафтори ҳамидаатон ва ғ. Барои роҳбарӣ ва соҳибкорӣ он қадар дӯстони зиёд доштан қобили қабул нест. Хуб мебуд, кормандро аз худ дар як масофаи муайян нигоҳ дошта, ҳамчун роҳбар муомилаи расмӣ дошта бошад, аммо дар ҳама ҳолат муоширату рафтор ҳалимона ва меҳрубонона буда, диққати дигаронро ба худ ҷалб карда тавонад ва бо касе муомилаи дағал надошта бошад. Ҳалимню ширинсуханӣ аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ буда, барои ба мақсадҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор