Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
накӯ расидан пайваста созгор аст. Аз тарафи дигар, ин қобилияти зеҳнии роҳбар сарвати бузурге мебошад, ки дигаронро мешунавад, аз аҳволашон огоҳ мешавад ва ба дардашон даво мебахшад.
-
Соҳибмулк будан ва аз касе вобастагии моддӣ надоштан. Албатта, барои ҳар як фарди соҳибақл ва роҳбари комил молу пул низ дар амалӣ сохтани мақсадҳо мақоми муайянеро мебозанд. Аз ин ҷо, вақте ки роҳбар маблағи муайянеро соҳиб аст, имкони ба кормандони худ маоши зарурӣ додан ва кӯмак ба онҳоро дорад. Аз тарафи дигар, аксари мақсадҳои истеҳсолӣ ва фаъолиятҳои кори роҳбарӣ бо воситаи пул амалӣ мегарданд. Агар маблағҳои пулӣ надошта бошед, пас барои харидани лавозимоти корӣ, музди меҳнат ва сафарҳои хизматию дигар амалҳо ҳақмузд наёфта, кору фаъолият карда наметавонед. Бинобар ин, роҳбари оқилу донишманд вазифадор мебошад, ки моҳияти пулро ҳамчун захираи зарурии роҳбарӣ дарк карда, доимо диққат бар он диҳад, ки сарчашмаҳои навини ин захираро пайдо созад ва самаранокии истифодаи онро таъмин намояд. Хусусияти дигари фарқкунандаи ин сарват боз дар он аст, ки диққати махсусро талаб карда, доимо ҳисоби аниқ, адолат ва низоми қатъиро тақозо менамояд.
-
Ватандорӣ ва дар ватан кору фаъолият кардан. Албатта, инсон бояд як гӯшаи замине, ки бароиш муқаддас асту дар он ҷо ба дунё омадааст, пок донаду эҳтиромаш кунад. Талаботи асосии инсонӣ низ он аст, ки ӯ дар замин макони худро дошта бошад ва касе ӯро ба дигар ҷой пеш накунад.
Аз тарафи дигар, хусусияти инсонӣ он аст, ки бояд дили худро дар маконе ба истироҳат фаро гирифта тавонад. Бояд гуфт, ки истироҳати асосиро дили инсонӣ танҳо ва танҳо дар Ватан карда метавонаду халос.
Дигар масоил он аст, ки бузургтарин адои қарзи ватандорӣ ин дар ватан меҳнат карда онро ободу зебо гардонидан аст. Ва ҳар як фарди соҳибақл бояд Ватанро бузургтарин сарвати хеш шуморида, ободии ватанро вазифаи муқаддаси худ ҳисобад ва бо дилу дидаи гарм содиқона баҳри ободии мамлакат кору фаъолият намояд.
Хонандаи азиз, мо он ҳафт сарвате, ки дар боло номбар кардем, ҳамчун
сарвати боигарии роҳбарӣ ва дар навбати аввал шартҳои аз ҳолати қашшоқӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор