Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фақат дар молу мулк дида, хатои сахт зоҳир менамоем. Банда ҳамчун як фарди иқтисодшинос боигарии роҳбариро дар сарватҳои зерин мебинам:

  1. Ақл ва андешаронии солим доштан. Чуноне ки дар боло қайд намудем, инсоне ки ақли солимро барои нияти неки созанда равона мекунад, хушбахттарин буда, ӯро ҳамеша қувваи илоҳӣ ҳамроҳу мададгор аст. Ин қувваи бузурги сарватмандии инсонӣ буда, ӯро тамоми умр муҳофизат карда, аз қашшоқӣ нигоҳ медорад. Ақли солимро фақат дар натиҷаи омӯзиши пайваста инкишоф додан аз шартҳои зарурии фикрронии солим мебошад.

  2. Саломатии хуб доштан. Нигоҳ доштани саломатии хуб ин инкишофи фикрронӣ ва донишомузӣ буда, қобилияти пуртоқатии инсонҳоро ба ҳама пастию баландиҳои зиндагӣ мустаҳкам сохта, доимо дар инкишофу пешравии шахсиятҳо мақоми аввалиндараҷа мебозад, чунки тамоми он фаъолиятҳое ки мо дар боло номбар кардем, маҳсули организми солим мебошад. Тани солим беҳтарин сарвати инсонист.

  3. Қобилияти боваркунонӣ ва боварии стратегӣ доштан. Боварӣ ба оянда яке аз хосиятҳои хирадмандии роҳбарӣ буда, имкон медиҳад, ки аз ҳар гуна нобарориҳо наҳаросида, дилпурона қадам ба пеш ниҳем. Аз тарафи дигар, ин пойдевори хушбахтии инсон буда, шахсе ки дорои чунин хизлатҳост, албатта, дар зиндагонӣ фараҳманд буда, ба мақсадҳои некӯи хеш мерасад. Боварӣ ба Худованд, боварӣ ба қувваи некӣ ин боварӣ ба худ буда, инсонро роҳнамои асосӣ мебошад. Ботинашро аз ҳама чизҳои нопок нигоҳ дошта, рафторашро ба танзим дароварда, рӯҳашро пурқувват месозад. Дар ҳақиқат, вақте ки ҳамчун роҳбар ба қудрати созандаи хеш эътимод ҳосил мекунед, ин ҳамчун як майдони магнитии бузурге барои иҷроиши тамоми орзуҳои некатон кӯмак расонида, нерӯи рӯҳию ақлониро бо ҳам пайваст менамояд ва Шумо сарватмандтарин инсон маҳсуб меёбед.

  4. Ботини пок доштан ва меҳнати ҳалол кардан. Вақте ки роҳбар ботини худро пок нигоҳ медорад, ӯ бо кормандон дӯсту бародар буда, атрофиён низ ӯро дӯст медоранд ва иззату эҳтиромаш мекунанд. Маҳз, ботини пок имкон медиҳад, ки ба дили дигарон ҷой ёбед. Ин ҷараён имкон

пешина
аз 566
навбатӣ