Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
раҳоӣ ёбад ва ба оянда ба назари неки инкишоф нигариста, шуури худро барои мубориза дар ҳаёт тайёр намоянд.
Банда, доимо модарамро пеши назар меорам, ки доимо машғули чеварӣ буда, мӯяк накашиданд, гилеми дастӣ ва нақшбофӣ мекарданд ва ба ман, ки дар Донишгоҳ таҳсил мекардам, илова ба маблағи додаи падарам кӯмаке расонанд, то азоб накашам ва гурусна намонам. Падарам дар колхоз кор мекарданд ва маоши хеле кам мегирифтанд ва боз заҳмати иловагӣ мекашиданд, ки барои таҳсили ману бародарам маблағи ночизе пайдо намоянд. Ман аҳволи падару модарамро дида, албатта, ғамгин ҳам мешудам, аммо дар донишомӯзӣ боз як қувваи бузурги инкишофро дида, шабу рӯз ба андӯхтани дониш дода шуда будам. Стипендияи баланд мегирифтам ва бо вуҷуди ин ҳар як тангаро эҳтиёткорона ба куҷо сарф карданамро андеша мекардам. Дар баробари ин баъзе ҳамсабақонро медидам, ки писарони роҳбарони калони ҳукуматӣ буданду доимо зиндагиашон шоҳона мегузашт, вале он қадар хоҳиши донишомӯзӣ надоштанд. Имрӯзҳо шукри Худованд, ки дар навбати аввал бо мадади ӯ, бо дастгирии падару модар ва дониши андӯхтаам унвони доктори илми иқтисодро соҳиб гаштаам, вале он ҳамкурсене, ки писарони роҳбарони калон буданду ба хондан диққат намедоданд, иқтисодчии оддӣ ва ё баъзеашон ҳатто ҷои кор надошта, ба корҳои мавсимӣ машғуланд ё дар бозор ба савдо машғуланд.
Бояд гуфт, ки камбизоатӣ ин бадбахтии вазнине мебошад ва ҳар як фарди комил аз ӯ доимо дар ҳазар буда, пеш аз он ки ӯ моро нобуд созад, мо бояд ба майдони мубориза баромада ӯро сарбаландона мағлуб намоем. Инсоне, ки ин дардро ҳис намекунад, аз пешравӣ монда, албатта, ба он гирифтор мешавад.
Одамони бузурги таърихӣ таъми ин бемориро бисёр чашидаанд, аммо онро дарк карда, омӯхтаанд, бар он ғалаба карданд ва аз он озод гаштанд. Қувваи созанда барои инсон сарватҳои зиёде офаридааст, ки ҳар як инсони боақл ҳуқуқи истифода кардани онро дорад. Бинобар он, мо вазифадор ҳастем, ки худро аз он чизе ки барои инсони солим хос нест, озод ва баҳри зиндагии саодатмандона дар талош бошем.
Дар навбати хеш боигарӣ низ хусусиятҳои хоси хешро дорад, ки мо бояд онро дониста, мувофиқи он амал намоем. Аксар маврид мо боигарии роҳбариро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор