Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Луқмони Ҳаким азми сафари ҳаҷ карда, тамоми молу мулкашро мефурӯшаду барои эҳтиёт як миқдор чӯб захира мемонад. Пеш аз сафар аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки то баргаштани ӯ аз зиёрати хонаи Худо ҳамин чӯбҳои ӯро дар хонааш нигоҳ дорад. Дӯсти Луқмон ризо мешавад ва чӯбҳоро ба хонааш оварда, қавл медиҳад, ки то омадани Луқмон ягон дона чӯб нобуд намешавад. Луқмон бо боварии комил ба сафар мебарояд. Сафар ки пиёда сурат гирифта буд, қариб ду сол давом кард. Луқмон баробари ба ватан баргаштан ба назди хонаи дӯсташ омада, чӯбҳоро пурсон мешавад. Дӯсташ, ки чӯбҳоро барвақт фурӯхта буд, худашро хеле ҳиҷолатманд нишон дода гуфт, ки дӯсти азизам, узри бисёр мепурсам ва бо андӯҳи баланд гуфтаниам, ки дар ин мӯҳлате ки набудед, чӯбҳоитонро калламушҳо пурра хӯрда несту нобуд карданд. Луқмон як нигоҳ карду сар ҷунбонида гуфт: Дар ҳақиқат калламуш чӯбро мехӯрад, насибамон накарда будааст. Ва ӯ низ худро ғамгин гирифту хайр гуфта, ба хонааш баргашт. Дӯсташ барои эътимоди бештар, ки Луқмон дар ҳақиқат ба ӯ бовар кардааст ё не, ӯро баъди ду рӯз ба меҳмонӣ даъват мекунад. Луқмон як рӯз пеш аз меҳмонӣ аз кӯча мегузашт ва писари 12 - солаи дӯсташро дида, ӯро ба хонааш бурда пинҳон мекунад. Пагоҳ вақте ба меҳмонӣ меравад, дӯсташро ғамгин дида мепурсад, ки чӣ ҳодиса шуд. Вақте дӯсташ оид ба гумшавии писараш шиква мекунад, Луқмон дар ҷавоб мегӯяд, ки дар ҳақиқат ман дирӯз дидам, уқобе писарчаеро дар чанголаш гирифта, ба осмон парвоз дошт. Дӯсташ асабонӣ шуда бо овози баланд мегӯяд, ки ин ҳеҷ мумкин нест, ки як уқоб аз худаш сад карат зиёд вазнро бардошта парвоз кунад. Луқмон хандида мегӯяд, ки дар мамлакате, ки як калламуш аз худаш ҳазор карат вазни зиёдро хӯрад, пас барои чӣ уқоб сад карат вазнро бардошта наметавонад. Дӯсташ мефаҳмад, ки Луқмон фиреби ӯро пай бурдааст, узр мепурсаду чӯби нав харида, ба Луқмон бармегардонад ва фарзандашро ба хона меорад.
Дар ҳақиқат, вақте ки ҳамчун оина инъикоси рафтори кормандро нишон медиҳед, вай аз кори кардаи хеш пушаймон шуда, узр мепурсад. Ин усули Шуморо пай бурда, рафторашро корманд шояд дигар созад.
Яке аз усулҳои ноил гаштан ба хиради экологӣ ин доимо нияти неки
ақлонии созанда доштан аст. Ин яке аз усулҳое мебошад, ки пурра аз худи
шумо вобаста буда, фақат худатон метавонед фикрронӣ ва рафторатонро баҳри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор