Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
иҷрои нияти нек равона созед. Бартарии нияти нек он аст, ки созанда ва инкишофёбанда буда, дар атрофи хеш боз хоҳишмандони зиёдеро пайдо месозад ва табиат низ аз Шумо ҳаминро интизор аст.
Ҳатто дар вақти намоз гузоштан агар ният некӯ бошад, он гоҳ ба Шумо Худованд рӯҳу қувват дода, ба тамоми мақсадҳои неки гузошташудаатон мерасонад. Рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки зиндагиномаи ҳар як шахс ба он вобаста мебошад, ки ӯ бо чӣ ният дар табиат зиндагонӣ дорад. Мардуми тоҷик низ бо ин баҳои баланд дода мегӯянд: «Нияти нек, ними давлат». Роҳбарон низ, агар нияташон барои беҳтар кардани фаъолияти корхона набушад, пас ҳеҷ гоҳ корхонаи онҳо инкишоф намеёбад.
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким ҳамроҳи дӯсташ ба тиҷорат машғул буданд. Рӯзе ба мамлакате ба нияти тиҷорат роҳ пеш мегиранд. Дар нисфи роҳ рӯз торик мешавад ва дар миёни кӯҳе маскан мегиранд. Луқмон манзараро тамошо карда, хеле ҳаловат мебарад ва ба дӯсташ муроҷиат карда мегӯяд, ки чӣ мешуд, агар дар ҳамин ҷои хушманзара як меҳмонхона месохтему боғи калон бунёд мекардем ва тоҷирону мусофирон омада баҳузур истироҳат карда, боврашонро давом медоданд. Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд, ки ин ҳеҷ мумкин нест, чунки ин ҷо макони дуздону ғоратгарон шуда, тоҷиронро несту нобуд месованд. Луқмони Ҳаким, ки марди некният буд, азми қатъӣ менамояд, ки ман ин меҳмонхонаро месозаму боғро обод мекунам ва дар ҳамон ҷо маскан гирифту ба сохтмон шурӯъ кард. Дӯсташ сафарашро идома дод. Баъд аз чанд муҳлате дар ин мавзеъ меҳмонхонаи калон ва бӯстонсарое бунёд карда шуд ва ба яке аз ҷойҳои дилнишини вохӯрии тоҷирон табдил ёфта, ҳама дар ҳаққи Луқмон дуои хайр мекарданд.
Аз ин ҷо метавон гуфт, ки нияти неки боақлона кардан, на фақат дар зиндагонӣ одамонро ба шумо наздик месозанд, ҳатто баъди вафот низ боз чандсолаҳои дигар дар ёди неки мардум боқӣ мемонад. Пас, бояд гуфт, ки Худованди таоло ба ҳар як инсон ақли солим ба он хотир ато намудааст, то нек бошад ва некукорӣ карда фаъолият намояд.
Бузургони тоҷик низ нишони одамиро дар се чиз медиданд: аввал тарбияи фарзанд, дуввум бунёди хона, сеюм дарахтеро ба ҳосил парвардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор