Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Луқмони Ҳаким паҳлавони номии замони худ буда, шогирдони зиёд доштааст, ки пайваста машқу усули гӯштингириро нишон дода, фақат як усулро эҳтиётан ба касе наомӯхта будааст. Рӯзе яке аз шогирдон ба дараҷаи баланди паҳлавонӣ расида, дар мамлакат ном мебарорад. Дар яке аз мусобиқаҳои Наврӯзӣ ба тамоми паҳлавонони мамлакат ғолиб омада, дар майдон танҳо мемонад. Мардум талаби гӯштингирии устоду шогирд мекунанд. Вале Луқмони Ҳаким мегӯяд, ки ин шогирди ман аст ва ман бо ӯ гӯштин намегирам, аммо шогирд бе ягон дудилагӣ ва эҳтиром нисбати устод даъвои гӯштингирӣ мекунад. Устод ноилоҷ ба майдон мебарояд ва бо ҳамон усули пинҳонии худ шогирдро дар як даст ба замин афтонда одамонро ба ҳайрат меорад. Вақте ки аз Луқмон сирри онро мепурсанд, ӯ ҷавоб мегӯяд, ки ин усулро барои ҳамин гуна шогирдони нопок маҳфӣ нигоҳ дошта будам.

Дар ҳақиқат зиндагонӣ мисолҳои зиёдеро медонад, ки Шумо дигаронро дастгирӣ карда, оқибат эҳтимол қурбони дастгирии худ шавед. Пас, бояд андешид, ки эҳтиёткорӣ низ яке аз хислатҳои шуҷоатмандӣ буда, метавонад дар ҳолатҳои ноқулай бароятон хизмат расонад.

Очеркҳои таърихӣ гувоҳ мебошанд, ки аслан инсоният эҳтиёткориро аз номуайянии табиат омӯхтаанд. Пешакӣ онҳо хислатҳои умумии табиатро аз худ карда, ба гармову сармо тайёрӣ мебинанд, то дар вақти амалӣ гаштани ҳодисаҳои табиӣ азият накашанд. Масалан, дар фасли тобистон барои зимистон тайёрӣ дидан қулай буда, имкону захираҳо зиёд ҳастанд. Ё ин ки пеш аз мавсими боронҳо болои бомро пӯшонидан қулай аст, нисбат ба вақти боронӣ.

Роҳбар бояд доимо хислати табиатро дарк намояд, то барои қабули он кормандон ва мардум тайёр бошанд. Ҳунармандони бузург то ба анҷом расонидани асарҳо ва навовариҳои эҷодиашон онҳоро махфӣ нигоҳ дошта, ҳатто оиди он ба шахсони наздикашон ҳарфе намегӯянд. Дар бораи фаъолият пешакӣ агар ҳарф задан гиред, аллакай чизи наве барои пешниҳод ба омма намемонад ва ихтироот ҳамчун фаъолияти оддӣ қабул карда мешаванд, чунки аз қувваи ихтироот дида ҳайбати намоиши ӯ ва якборагии он таъсири бештар ба чашми бинанда дорад. Иҷроиши кору фаъолият низ ҳунари махсуси роҳбариро талаб карда, бо санъати баланд иҷро кардани он аз манфиаташ дида зиёдтар ба назар мерасад.

пешина
аз 566
навбатӣ