Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
онди иҷрои кору хизматрасониҳо меноманд. Дар ин маврид инчунин, бурду бохти дигарон аз ин фаъолияти шумо, нобарориҳо, хиёнаткориҳо ва дигар омилҳои иҷтимоии шуҷоатмандиро низ бояд дар хотир дошт. Агар ҳамаи ин ҳолатҳоро ба нақша гирифта тавонед, аллакай дар шуҷоатмандӣ қадами аввал гузоштаед. Ҳамаи ҳолатҳоро дақиқ ба нақша гиред, то ягон ҳолати ногаҳонӣ ва ё нобоварӣ дар ниҳодатон пайдо нагардаду аз ниятатон барнагардад. Агар як маротиба ин имконотро истифода карда натавонистед, маротибаи дуввум он муяссар намешавад. Сустиродагӣ ва камшуҷоатии роҳбар аксар маврид боиси он мегардад, ки онҳо бо иродаи заифи дилашон амал карда, аз фикрронии солими ақлонӣ даст мекашанд. Бинобар ин, шахсе ки пешакӣ ҳамаи фаъолиятҳоро пурра ба нақша мегирад, аз рӯи он амал ва дарки масоил намуда, ҳолатро метавонад аз беҳтарин ситорашинос хубтар пешгӯӣ кунад. Роҳбароне, ки барои фаъолият вақту соати аниқро интихоб карда наметавонанд, мақсади муайяни худро надоранд, аммо вақте ки дигарон мақсадгузорӣ карда ғалаба ба даст меоранд, ин гуна роҳбарон мехоҳанд, ки ҳар чӣ бештар аз он истифода карда, фоидаи зиёде ба даст биоранд. Барои ба ҳолати номуайян дучор нагаштан, доимо бояд нақшаи стратегии дарозмуддати худро дошта бошед, яъне ояндаро пешакӣ барномасозӣ карда, кору фаъолият намоед, ки мо онро дар қисмҳои 1-2-юми менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.
Яке аз хислати шуҷоатмандии роҳбарӣ ба кормандон барои кӯмаку дастгириҳо миннат накардан мебошад. Роҳбар бояд тарзе кору фаъолият намояд, ки меҳнати пурмашаққати ӯро касе пайхас нанамояд ва ба ивази он бисёр талаб ҳам насозад. Дастгирию кӯмакро бояд тарзе иҷро намуд, ки шахси дармонда ҳиҷолат накашад, яъне он дар шакли табиӣ ҷараён ёбад. Дар ҳақиқат дастгирию кӯмак ба кормандон дар шакли табиӣ зебою ҳақиқӣ сурат гирифта, корманд бояд аз он ҳаловат бубарад. Барои ноил гаштан ба чунин муваффақият меҳнати пурмашаққати роҳбар зарур аст, вале ин амал бояд аз чашми тамошобин пинҳон бошад, чунки табиат боз қонуниятҳои ғайричашмдошти худро дорад ва мо намедонем, ки баъди як дақиқа боз кадом ҳодисаҳои табиат бар сари мо меоранд. Роҳбар низ бояд чунин рафтор намояд, ки ҳар як корманди ӯ доимо дар интизори навоварии эҷодии роҳбарӣ бошанд, инчунин, боз усулҳои захиравии худро дошта бошад, ки касе аз он огоҳ набошад. Чунончи ривоят мекунанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор