Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баҳонаҷӯии зиёд гашта, тамоми ташкилотро аз пешравӣ боздошта, оқибат ба касодӣ ва аз байн рафтани корхона оварда мерасонад.

Аксари роҳбарон ба муваффақият дар натиҷаи шуҷоатмандӣ ва маҷбурсозии хеш соҳиб гаштаанд. Рӯҳшиносон дар он ақидаанд, ки ин рафтор бештар ба занон муяссар мегардад, чунки зан агар дар ҳақиқат хоҳиш пайдо кунад, барои ба мақсади худ расидан аз тамоми имконот чораҷӯӣ месозад.

Чуноне ки ривоят мекунанд, ки писари Луқмони Ҳаким дар кӯча бозӣ мекард, ки ногоҳ пояш ба алафи газанда бархӯрда, пояшро сахт сӯзонд ва ба назди падар омада шикоят кард, ки поям тасодуфан ба алаф расиду алаф поямро ин қадар сахт сӯзонда истодааст. Луқмони Ҳаким хандиду ба писараш насиҳат кард: «Писарам, дафъаи дигар чунон ба поят алафро зер кун, ки дигар туро газанда натавонад». Мақсад аз ин гуфтор дар он аст, ки агар боғайратӣ накунед, дигарон бо истифода аз ин заифӣ метавонанд ба Шумо зарар расонанд.

Мардони шуҷоатмандро тамоми мардум дӯст дошта, доимо талош менамоянд, ки дар қатори чунин нафарон бошанд, чунки нерӯи пурқуввати онҳо ба муҳит низ таъсири худро расонида, дили онҳоро барои иҷрои мақсадҳо пурқувват мегардонад. Роҳбарони шуҷоатманд кам ҳолат аз модар ҳамин хел нотарсу пурқувват таваллуд мегарданд. Онҳо дар натиҷаи тарбия намудани хислатҳои шуҷоатмандӣ дар худ ба майдон меоянд.

Ҳатто лашкаркаши бузург Наполеон низ дар натиҷаи машқи пайваста ва дар худ тарбия намудани хислатҳои баланди роҳбарӣ ба ин зина расидааст.
Новобаста ба он ки қади ӯ паст будааст, тавонистааст, ки қобилиятҳои хоси шуҷоатмандиро дар худ тарбия намуда, ба мақсадҳои хеш расад.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки маҳз сухани шуҷоатмандонаи бевосита, Шуморо зудтар ба мақсад мерасонад, нисбат ба дар гирду атрофи масоил гашта, мақсади асосиро гуфта натавонистан. Бинобар ин, барои ҳар як роҳбар шарти зарурӣ он аст, ки шуҷоатмандиро ҳамчун одат дар худ тарбия намуда, доираи таъсиррасонӣ ва диққатҷалбкунандагии худро баланд бардоранд. Яке аз роҳҳои асосии ба ин мақсад расидан банақшагирӣ ва машқи пайвастаю назорати иҷрои он мебошад.

Банақшагирии одати шуҷоатмандӣ ва қавниродагӣ гуфта, пурра тарҳрезӣ
намудани монеаҳо, захираю имконият ва натиҷаҳои фаъолияти шуҷоатмандиро

пешина
аз 566
навбатӣ