Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
карда, худро аз даст дода, куҷо рафтанатонро намедонеду рақибе, ки дар камин аст аз ин самаранок истифода менамояд. Инчунин, ба ақидаи худ нобоварона рафтор карда, монеаҳои зиёдеро дар роҳатон пайдо месозед ва баробари ба миён омадани мушкилӣ ҳалли масоилро аз ҷое пурсон мешавад, ки дар он ҷо нест ва дар он ҷо боз ба мушкилоти наве бармехӯред. Агар дудилагӣ карда барои ҳалли масъала калаверед ва вақтро аз даст диҳед, он гоҳ барои рақибатон низ имкони вақту захираҳо пайдо шуда, аз Шумо пештар ба майдон баромада, ғолибият насибашон мегардад. Ин дудилагӣ ва ноустувории роҳбариатон барои зердастон ҳисси нобоварӣ пайдо намуда, дигар ҷуръати аз қафоятон рафтан намекунанд. Рақибон бошанд, ин ҳолатро хеле моҳирона истифода карда, ба муқобилатон тамоми чораҳоро дида, аз Шумо пеш мегузаранд. Онҳо ҳатто барои фикр карданатон дигар имкон надода, бераҳмона мубориза мебаранд. Бинобар ин, ҳар як роҳбар бояд бидонад, ки шуҷоатмандӣ метавонад ғалабаро таъмин сохта, тарсро аз байн бардорад. Маҳз шуҷоатмандӣ имкони паҳншавии ҳокимият ва устувории онро таъмин ва диққати рақибонро ба худ ҷалб карда, онҳоро дар ҳолати муҳофизатӣ нигоҳ дошта метавонад. Бояд гуфт, ки дар баробари ба миён гузоштани мақсадҳои бузург, имкони бузург шуданро пайдо мекунед ва ҳар қадар фаъолиятатон нотарсона бошад, ҳамон қадар имкони ғалаба бештар аст, чунки мақсади бузург боз бароятон нерӯи бузург муҳайё сохта, доираи таъсиррасониятонро васеъ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки аксар маврид сабаби бохти мо аз сустиродагӣ ва каме беғайратии худи мо ба вуҷуд меоянд. Мо доимо кӯшиш менамоем, ки аз муноқиша гурезем ва ба ҳама худро хуб муаррифӣ созем. Дар вақти андешаронӣ мақсаду орзуҳои қаҳрамонӣ пайдо мешаванд, аммо вақти иҷрои он моро тарс фаро мегирад ва аз фикрамон мегардем. Бештар мо аз худи фаъолият не, балки аз натиҷаи ӯ метарсем, яъне мардум чӣ мегӯянд? Атрофиён чӣ андеша доранд?
Агар мақсад иҷро нашавад, шарманда мешавам? Ва боз чанд андешаҳои беҷуръатонаро дар дил ҷой карда, тамоми имконотро аз даст медиҳем. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки мо гӯё аз тарси зарар ба дигарон ба ин фаъолият даст намезанем, вале дар асл мо аз тарси худамон ба амалӣ гаштани ин фаъолият шурӯъ намекунем. Сустиродагӣ ва бешуҷоатии роҳбар, боиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор