Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Қоидаи дигари дастгирии дармондагон он аст, ки ба кӯмаки яквақта, ки аз натиҷааш бехабар мемонед, қаноатманд нашуда ба онҳо имкони пешравиро таъмин карда тавонед ва онҳоро ба зери назорати ақидаи худ гирифта, ба фаъолияти якуоя ҷалб намоед.
Хислати одамӣ чунин аст, ки назар ба воқеият тасвиру таърифҳои баландро бештар меписанданд. Аз ин хотир роҳбарро зарур аст, ки аз ин хислатҳо истифода карда, мувофиқ ба тавсифу тавсиру хоҳиши одамон фаъолият намуда, онро барои ташкили фаъолияти пурсамари роҳбарӣ татбиқ карда тавонад. Роҳбаре, ки тасаввурро ба олами ҳастӣ мубаддал мегардонад ва атрофиёнро ба он бовар мекунонад, имконоти беандозаи ҳокимиятро соҳиб мегардад. Барои амалӣ гаштани хоҳишу мақсадҳои деринаи атрофиён аввал онҳоро омӯхта, ба як системаи коркардашудаи мақсадгузорӣҳо табдил дода, пас аз паи иҷрои он кӯшиш ба харҷ додан лозим аст. Дар пайдо кардани мақсадҳои роҳбарӣ, ки аксарият пурра тарафдорӣ менамоянд, диққатро ба тасаввуру орзуи онҳо равона созед ва албатта, онро дармеёбед. Дар натиҷа тамоми одамон дастгири Шумо мешаванд ва бо гуфтори халқӣ бо як тир ба ду нишон мерасед, чунки гӯё мақсадҳои одамонро иҷро мекунед, аммо дар асл мақсадҳои аниқи роҳбарии худро пеш гузошта, иҷрои онро аз ҳама талаб менамоед. Доимо дар хотир дошта бошед, ки бо гузашти айём одамон тағйир ёфта, талаботҳо низ дигар мешаванд. Аз ин ҷо кӯшиш намоед, дар вақти мақсадгузорӣ ва иҷрои онҳо вақтро ғанимат шуморида шуҷоатмандона бе дудилагӣ аз паи иҷроиши онҳо гардед. Инчунин, бояд донист, ки тағйиротҳо бемайлон идома меёбанд ва зарур аст, ки доимо роҳбар дар ҷустуҷӯи навовариҳо ва тағйиротҳо бошаду пурсамар ва пуртоқат меҳнат карда тавонад. Орзуи дар як рӯз ҳамаи чиз ба даст оварданро ҳаргиз нанамоед ва интизор ҳам нашавед, ки ин дар менеҷмент хатои асосӣ мебошад. Ин маънои яку якбора аз бемории вазнин хеста ба кор рафтан ва ё аз қашшоқӣ яку якбора сарватманд шуданро дорад, ки дар аксар маврид ғайриимкон аст, чунки системаи иҷтимоию иқтисодӣ як қатор қонуниятҳои воқеии рафтори роҳбарии худро дорад, ки мо бояд онро риоя намоем. Дар натиҷаи риояи ин қонуниятҳо ба олами арзишҳои дигар қадам мегузорем, ки оид ба онҳо мо дар қисми 3-юми китобамон ба таври муфассал гуфта гузаштаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор