Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳокимият ин худ ҳаракати доимӣ буда, ба мавҷҳои пасту баланди баҳр шабоҳат дорад. Ин майдони муборизае мебошад, ки афтидану хестанҳо дорад.
Агар афтиданро пешакӣ ҳис карда бошед, кӯшиш намоед, ки онро барои фиреби душман истифода намоед. Маҳз омӯзиши афтиданҳо донишатонро боз барои аз бар намудани хусусиятҳои хоси ҳокимиятдорӣ мустаҳкам намуда, ба худ навоварӣ ва эҷодкориҳое ноил мегардед, ки он имконотонро боз ҳам пуркувваттар гардонида, барои ҳокимияти устувор шароит муҳайё месозад.
Марказонидани ақидаҳо ва пуртоқатию дарки масоил дар ҳолатҳои гуногун, имкон медиҳад, ки ба мазмуну мундариҷаи футуввати роҳбарӣ чуқуртар ворид гашта, онро дар худ ҷавшан сохта, таҷАССУМГАРИ нишонаҳои баланди хиради роҳбарӣ бошед. Қувваи хираду заковати роҳбариро ҷустуҷӯ намуда, ба дарахти муруввате рӯ ба рӯ мегардед, ки доимо аз он баҳраи даҳчанд гирифта, ҳаловат мебаред. Бузургон доимо ҳидоят бар он доранд, ки агар ба Шумо хатар таҳдид накунад, ҳеҷ гоҳ омодаи ҷанг набушед.

Дар ҳақиқат муруввати роҳбарӣ низ меъёрҳои худро дорад, ки фақат ақли солими назоратшаванда метавонад аз он бохабар бошаду доимо онро ба тарафи зарурӣ равона созад. Шахсияте, ки рафтори ақлонӣ дошта, бо гузаштаю таҷриба ҳамоҳанг буда, инкишофи босуботро пеша дорад, ҳокимиятро доимо нигоҳ дошта метавонад ва баръакс дунё доимо аз ҷудоиҳо ва тақсимотҳои бемантиқ зарар дида, аз инкишофи босубот бозмемонад. Ҳатто дар дохили як оила, як ташкилот ва як давлат ба гурӯҳҳо ва табақаҳо ҷудо шудани одамон ин ба шикастанҳо ва пастравиҳо оварда мерасонад. Ҳолати имрӯзаи муноқишаҳои байнидавлатӣ хеле мураккабу мушкил буда, аз замони пештара фарқи куллӣ дорад. Пас, ҳалли ҳамаи ин гуна мушкилот дар футуввати роҳбари ҳар як зинаи идоравӣ буда, боз андешаю фикрронӣ ва фаъолияти нави хирадмандонаро талаб менамоянд. Ҳаракатҳои мақсадноки хирадмандонаи одамшиносӣ ва марказонидани қарору рафтору кори худ барои одамон имкон медиҳад, ки олийҳимматиро нигоҳ дошта, аз уҳдаи ҳалли масоили муҳими роҳбарӣ баромада, барои таъмини «Зиндагонии хуб»-и мардум шароити беҳтарин барпо созем.
Аксар мардони бузург, бурди худро дар марказонидани диққату рафтори худ барои ҳалли як мақсади асосӣ мебинанд. Маҳз бо ин қобилияти футувватмандӣ онҳо қуллаи баланди роҳбариро соҳиб мегарданд. Ҳатто, вақте ки маҳбусон

пешина
аз 566
навбатӣ