Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мекунед, ки қувваатон басанда нест, замоне боз барои захираи қувваи нав ва пурра омӯхтани рақиб машғул шавед.
Аксар маврид сабаби асосии аз даст додани ҳокимият ин нишон додани қувваи муноқиша, ки нишонаи мурувват нест, сабаб мегардад. Дар ҳолати муноқишавӣ тарафи муқобил низ доимо мубориза бурда, фикру ақида ва ҳиллаи худро пеш мегузорад. Пас, бояд барои тамоман барҳам додани рақиб ва ё тарафи муноқиша, маҳз муруввати Шумо ҳатман ғалаба хоҳад кард. Мазмуни мурувват низ дар ҳамин аст, ки иқтидори ботиниро истифода карда, зиддият нишон намедиҳед. Бо ин роҳ ҳукмрони худ шуда, боз фаъолиятро ба самти ба худ мувофиқ идома медиҳед ва вақтро барои зам кардани қувваи хеш истифода менамоед. Албатта, барои ҳар як роҳбар бохтани ҳолат хеле мушкил аст, вале бояд дар дил боварӣ ва имконоти бузурге ҷой дод, ки ин фақат муваққатӣ буда, на бохт, балки бурди Шумост. Агар чунин шуморида тавонед, аллакай бурд кардед, вагарна не. Дар ҳаёти ҳар як роҳбар ҳолатҳои гуногун пеш меоянд ва агар каме пештар заифии худро пай бурдед, бояд роҳбариро супоред ё худ дар аввал пай набурдеду каме баъдтар ҳис кардед, ки қувваҳо нобаробаранд хуб мебуд, ақибнишинӣ карда, ба рақиб имкони пурра нобуд кардани хешро надиҳед.
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳакимро душмане пеш омад, ки аввал лашкари ӯ дида чандин карат зиёд буду пурқувват. Ҳеҷ илоҷи мубориза набуд. Бинобар ин, пешакӣ ба душман тӯҳфаҳо ва молу матоъ равон карда, ҳокимиятро супорид ва хоҳиш кард, ки ӯро дар дарбор дар кадом вазифае набошад ба кор гиранд. Дар натиҷа ӯ ба вазифаи аспбон таъин шуда, се сол хизмат карда, шабу рӯз ба омӯзиши рақиб машғул мешавад ва подшоҳ кори хуби ӯро дида, ба ватанаш бармегардонад. Баъд аз муддате, ки дар он мамлакат хушксолӣ омада, давлат камқувват мегардад, Луқмони Ҳаким лашкар кашида, душманро мағлуб мекунад ва боз ҳукмрониро давом медиҳад.
Мисоли дар боло овардашуда нишонаи он аст, ки муттаҳидшавӣ ва ба ақидаи рақиб розӣ шудан ва ё қувваи ӯро нисбати хеш ҳамчун омни омӯзиш ва аз нав қувва гирифтан истифода карда, баъдан боз ба мубориза гузашта, пешсаф бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор