Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бузург доимо таъкид мекарданд, ки «Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълумам нашуд», яъне ҳар қадар донишу донишмандии ва хираду хирадмандии надошта бошем, ҳеҷ гоҳ кифоя намекунад, чунки илм худ охир надорад. Аз тарафи дигар, ақл барои ҳама зарур буда, касеро агар камақл ва ё беақл гӯянд, сахт хафа мешаванд, чунки дар зиндагонӣ мисолҳои бисёреро овардан мумкин аст, ки ҳатто одамони бузург гирифтори фиреби шахсони кундсаводу нофаҳм мегарданд, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ҳамон сустсаводон низ худро нисбати донишмандон камақл намеҳисобанд ва даъво мекунанд, ки инҳо низ донишу хирад доранд, каме китоб хонда, таҷриба андӯхтаанд, вале мо аз дониши онҳо бехабарем. Маҳз ҳамин нуқтаи мурувват бояд диққатҷалбкунанда бошад, ки онҳо дар ҳақиқат тавассути ақл ва рафтори хирадмандона эътироф намоянд ва бартарии донишмандӣ бараъло ҳис карда шавад. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки хароҷоти молию пулӣ ва меҳнатӣ дошта бошед ҳам, боздеҳи он садҳо маротиба зиёд аст. Дар гуфтори халқи тоҷик омадааст, ки: «Баъзан барои нобуд сохтани паланг пӯсти харгӯшро дар сар кашед». Дар ин гуфтори халқӣ мазмун чунин аст, ки паланг Шуморо дар ҳақиқат харгӯш гумон карда, бепарво ба ҳуҷум мегузарад ва аз тири камони Шумо бехабар мемонад. Бинобар ин, дар хиради менеҷмент, доимо таъкид ба он хислати муруввати роҳбарӣ карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳавобаландӣ ва нописандӣ роҳ надода, худро аз буда пасттар нишон диҳед ва рафторҳои бардурӯғро дар пиндору рафтору гуфтор ҷой насозед. Дар ҳақиқат вақте барои атроф ва кормандон ноомӯхта бошед, ҳамон қадар обрӯю эътибоятон баланд аст. Аз ин нигоҳ, ақл сифати муруввати роҳбарие мебошад, ки метавонад сирри роҳбариро пинҳон дорад, вале бояд доимо дар инкишоф бошад. Хислати бо ақл ҳамрадиф, ин интихоб ва дақиқӣ буда, нишонаҳои мурувватмандӣ мебошанд. Чӣ қадаре роҳбар оддӣ ва соксор бошад, ҳамон қадар одамон ба ӯ бовар карда, аз ӯ кам ҳазар мекунанд. Маҳз дар ин ҳолат аксар мардум ниҳоди худро ба Шумо мекушоянд ва аз ин дар роҳбарӣ самаранок бояд истифода бурд.

Қоидаи дигари мурувват, дар ҳақиқат эътироф намудани мардоне мебошад, ки нисбататон бартарият доранд. Агар онҳо ҳамнабардатон бошанд, бояд замоне майдонро ба онҳо супоред, аммо тамоман аз майдон рафтанатон заифӣ набуда, балки боз як нишонаи хирадмандиатон бошад. Вақте ки ҳис

пешина
аз 566
навбатӣ