Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

48.1. Футувват ва нексириштии дар роҳбарӣ

Хислати одамӣ чунин аст, ки касе намехоҳад аз дигаре паст бошад ва ё нисбати ӯ сухани бад гӯянд, вале на ҳама инсонҳо доимо ва пайваста дар пайи кӯшиши некхоҳию некномӣ ва ростию ростқавлӣ буда, хислатҳои хоси футувватмандиро, ки мо дар боби 44-уми ҳамин китоб, аз номи бузургони миллати тоҷик баён намудаем, соҳибанд.

Дар хиради менеҷмент футувват яке аз нишонаҳои асосии олӣҳимматии роҳбарӣ буда, пайваста таъкид карда мешавад, ки роҳбари асили хирадманд ҳамон 71 - нишонаи футувватмандиро бояд доро бошад. Ҳар як инсон пеш аз ҳама аз он фахр мекунад, ки дорои қобилияте буда, чизеро эҷод месозад. Инро бараъло дар рафтори кӯдакон метавон мушоҳида кард. Вақте кӯдак аввалин маротиба чизе месозад ва ё расме мекашад, онро ба падару модар ва наздикон нишон дода, ҳаловат мебарад. Гарчанде расми гул ё хонаро дуруст накашида бошад ҳам, мо барои дилбардории ӯ ҷиддӣ мегӯем, ки ин расм хеле зебо аст, он гоҳ кӯдак низ боз рӯҳияи тоза ва хоҳиш пайдо карда, аз пайи эҷоди чизи дигар мегардад. Чунин хислат дар одамӣ тамоми умр боқӣ мемонад. Аз ин ҷо, барои он, ки тамоми умр аз ихтироот ва эҷдкориИ хеш манфиате ба даст оварда, ҳаловат баред, талаботи аввал барои ба худ ҷалб намудани муҳит кӯшиш намоед. Барои он, ки атроф ба Шумо доимо бо назари нек нигарад, бояд футувватмандӣ пешаи асосиатон гардад. Дар зиндагӣ ҳастанд одамоне, ки мехоҳанд футувватмандиатонро паси парда нигоҳ дошта, нурашро ба мардум нишон надиҳанд, вале дар хотир дошта бошед, ки хислатҳои хирадмандонаи роҳбариро касе пинҳон карда наметавонад ва онҳо рӯзе айён гашта, ҷило медиҳад. Инсонҳои донишманду хирадманд аксар маврид хеле ботамкин ва босабру тоқату боандеша буда, кам ҳолатҳо худнамоӣ мекунанд. Аз ин ҳолат камхирадон истифода мебаранд, чунки одамони ҳасадхӯр дар назди одамони хирадманду футувватпеша оҷизанд ва аз онҳо доимо дар тарсанд.

Мардони тариқат, ки намояндагони футувват ҳастанд, дар назари аввал чунин менамоянд, ки гӯё монанди дигарон оддӣ ва аз дигарон ягон бартарияте надоранд. Гарчанде аз дигарон дида бузургу донишманд бошед, доимо бояд хоксориро пеша карда, худнамоӣ насозед. Оид ба ин масъала ҳатто одамони

пешина
аз 566
навбатӣ