Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
вақти зиёди худро, солҳои дароз дар фикри гурехтан аз маҳбасхонаҳои сахттарини дунё мегузаронанд, оқибат имкон пайдо карда мегурезанд. Дар ин бора Луқмони Ҳаким менависад: «Ман боварӣ дорам, ки агар шахс дар бораи чизе хоҳиш пайдо кунаду доимо дар андешаи он бошад, ҳатто имкони подшоҳи бузург шуданро низ пайдо мекунад».
Бинобар ин, танҳо бо роҳи доимо хоҳишу фикрро ба мақсади асосӣ равона кардан, ҳар як роҳбар аз фикру ақидаҳои нолозим дур шуда, ба мақсади асосӣ мерасад. Танҳо фаромӯш насозед, ки доимо бояд таҳти роҳбарӣ ва дар иртибот бо ҳокимият мақсадгузорӣ намоед, яъне ҳамеша, бояд ба яке аз сарчашмаҳои ҳокимият пайваст бошед. Бе пайвастагӣ бо ҳокимият чизеро ба даст овардан мушкил аст.
Роҳбаре, ки мустақилиятро дар итоат ва хизмат накардан ба ягон роҳбари болоӣ медонад, хатои бузург мекунад. Таърихи мардони бузурги замони гузашта гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо маҳз аз рӯи чунин ақидаи нодуруст ба шиканҷаҳо гирифтор гаштаанду дар замони худ ба муваффақиятҳо ноил нагаштаанд.
Дар хотир бояд дошт, ки дар хиради менеҷмент итоат ва хизмат кардан ба роҳбари болоӣ, яке аз нишонаҳои олиҳимматии роҳбар буда, онҳоро ба фикру ақидаҳо ва донишмандии хеш бовар кунонидан ҳунари воло ва нишонаи хирадмандии ҳар як роҳбари поёнӣ мебошад.
Аз дигар тараф, ҳокимият ин муттаҳидии қувваҳо буда, новобаста аз ташкилот ва корхона, инчунин, давлат дар дасти миқдори муайяни одамон қарор дорад ва бехирадӣ мебуд, агар дар вақти ҳокимиятдорӣ ба шахсони ҳокимиятдор беэътиноӣ зоҳир сохта, ба муқобили онҳо кору фаъолият намояд. Дар ин ҳолат, ҳокимияти Шумо он қадар устувор нагашта, дар муддати кӯтоҳ барҳам мехӯрад, яъне фикру фаъолият дар вақти ҳокимият бояд ба як тараф равона карда шуда бошад. Бо як тир ду нишон задан хеле мушкил буда, доимо муяссар намегардад ва фақат марказонидани фикр ва мақсад ба як тараф фонди зиёдеро бароятон таъмин месозад. Хиради менеҷмент доимо таъкид бар ҳаракати амиқ карда, аз паҳншавии бемайлон эҳтиёту боандешагӣ талаб мекунад, чунки беҳтаршавӣ ба қад хубтар аст, нисбат ба бар. Дар интихоби касбу ҳунар низ ин қоида бояд риоя карда шавад. Ба ибораи халқии мардуми тоҷик, «ҳамакора нашуда, бо як ё ду кор ҷиддӣ машғул шуд, вале агар «Холаи ҳамакора — ҳама кораш нимкора»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор