Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
роҳи интихобу пешниҳоди коллективро ҷонибдорӣ намуда, оҳиста — оҳиста бо дастгирии коллектив ба зинаи нави роҳбарӣ мегузаранд. Дигарон барои ба даст овардани вазифа тамоми воситаю роҳҳоро истифода мебаранд, ки он қадар оқибати хуб надорад. Сеюм бо роҳи меҳнати пурмашаққату насиб гаштан бо обрӯю эҳтиром худаш асосгузори ташкилот гашта, тамоми умр барои беҳбудии ин ташкилот хизмат менамояд. Гурӯҳи дигари роҳбарон дигар мақсадҳои ба худ хоси роҳбариро асос карда, соҳиби вазифа мешаванд. Аз нуқтаи назари мутахассисон ин одамонро метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
-
Ба хотири таъмини бехатарии худ, барои вазифа талош менамоянд. Ин гуна роҳбарон дар давоми фаъолияти пештараи худ ба қонуншиканиҳои зиёд ва ё вайронкориҳое роҳ додаанд, ки дар ҳарос буда, фақат бо роҳи ба сари қудрат омадан метавонанд онро паноҳ созанд. Бинобар ин, тамоми қувваро ба он равона месозанд, ки ҳокимият ба даст биёранд ва ба мақсади ғаразноки хеш бирасанд.
-
Гурӯҳе барои ҳукмронӣ кардан кӯшиш вазифагирӣ доранд. Ин гуна одамон бо ғарази ҳокимияти хешро баланд кардан мустақилияти фаъолиятро пеша карда, аз пешравӣ на фақат худашонро, балки тамоми коллективро бозмедоранд.
-
Баъзе аз вазифаталабон бо мақсади баландбардории дараҷаи зиндагонии хеш талоши вазифа карда, фақат мақсади таъмин кардани талаботҳои молиявию пулии хешро доранд ва ба ҳар гуна қонуншиканиҳо роҳ дода, дар як мӯҳлати муайян ба мақсад расида, боз кӯшиш гирифтани вазифаи дигар менамоянд.
-
Талоши вазифа барои қасос ва амалҳои дигари нопок. Баъзе ашхос барои қасоси ғаразнок ва молию пулӣ аз роҳбарӣ пешина, инчунин барои ба дигар мақсадҳои нопоку ноҷавонмардонаи хеш расидан талоши вазифа намуда, тамоми хислатҳои ноҷавонмардиро истифода мекунанд, ки роҳбари пешинаро бадном созанд ва ё умуман кору рафторашро эътироф нанамоянд. Чунин одамони бадхоҳ, шояд ба дастовардҳои муваққатӣ ноил мегарданд, аммо оқибат шармандавор на фақат аз вазифа, балки аз ҷамъияти солим дур карда шуда, ҳамчун шахси худобехабар шинохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор