Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан- Талоши вазифа бо мақсади обрӯю эътибор ва баланд бардоштани дониши касбии хеш буда, доимо андешан беҳтар кардани кору фаъолияти роҳбарӣ ва пешравии кори корхона ва дараҷаи зисту зиндагии коллективро карда мақсадгузорӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки фақат чунин роҳбарон метавонанд, ки дорои мақсадҳои стратегии беҳтарини пешравии ташкилот буда, барои ояндаи корхона ва коллективи пешқадам асоси бузурге гузошта, ташаккули босуботи онро таъмин намоянд.
Мувофиқи талабот ва пешниҳоди хиради менеҷменти тоҷик роҳбаре ба мақсаду мароми хеш мерасад, ки ба шароитҳои зеринро муҳайё сохта тавонад: - Мақсадҳои воқеиро гузошта тавонад. Ҳар як мақсад бояд асоси воқеии иҷрошавандагӣ дошта, фақат каме қувваю ғайрати иловагӣ талаб намояду халос.
- Ҳар як мақсад ва нақшаи вазифагирӣ бояд дар доираи вақти муайян ва зинаи дастовардҳои аниқ тартиб дода шаванд.
- Ченакҳои дақиқи арзандагӣ ба вазифагирӣ бояд риоя карда шаванд.
Чунин талабот бояд умумӣ бошад ва ҳама бояд онро риоя намоянд. - Самаранокии вазифагирӣ баҳогузорӣ шавад. Бояд муайян кард, ки боло рафтани шахсияти пешниҳодшуда барои худи роҳбар ва коллектив чӣ манфиат дошта, умуман, пешравиро таъмин карда метавонад ё не?
- Вазифагирии шахсияти алоҳида кадом муҳити рӯҳию иқтисодиро муҳайё месозад? Оё аз ӯҳдаи вазифаи гузошташуда мебароед ё не? Таҷрибаю малакаи касбиатон барои иҷрои ин вазифа кифоя мебошад, шояд синну солатон мувофиқат нанамояд.
- Дар вақти таъин шуданатон ба вазифаи нав ба муноқишаи шахсони алоҳида гирифтор намегардед. Оё имкони ҳалли муноқишаро доред, омадани Шумо ба ин вазифа боиси боз ҳам авҷ гирифтани муноқиша намегардад?
- Оиди ташкилот, коллектив ва имконотҳои дигари роҳбариатон ахбори пурра доштан. Вақте ки талоши вазифаи роҳбарии ташкилотро кардед, бояд оиди фаъолияти ин ташкилот ва ҳар як корманди он маълумоти пурра дошта бошед. Дар ҳолати ахбори пурра доштанатон эҳтимол аз фикри вазифагириатон қафо гардед ва ғ. Хуб мебуд, пеш аз омаданатон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор