Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Оё ман аз иҷрои вазифаҳои роҳбариам мебароям?
Оё ман аз ӯҳдаи он мақсадҳои гузошташудаи муассисаам баромада истодаам ё не?
Ман супоришҳои корӣ ва фаъолияти роҳбарии хешро пурра ба нақша гирифтам ё не?
Оё равандҳои бартариятноки фаъолияти роҳбарии хешро дуруст муайян карда тавонистам ё не?
Ман аз ӯҳдаи иҷрои саривақтии супоришҳо баромада истодаам ё не?
Кадом камбудиҳои асосии хешро фаҳмида гирифтам ва кадомашро ҳанӯз намедонам?
Бартарияти асосии ман ҳамчун роҳбар дар чӣ зоҳир гардидааст?
Дар асоси бартариятҳо ва бохтҳои роҳбарии хеш дар давраҳои муайян мувозинати фаъолияти хешро тартиб дода, онро ба гурӯҳҳо ҷудо намоед, яъне он дастовардҳо ва камбудиҳое, ки бевосита ба хоҳиши худатон ба вуҷуд омадааст ва он дастовардҳо ва камбудиҳое, ки бо сабаби дастгирию бепарвоии дигарон зоҳир гаштаанд. Инчунин, ин нишондиҳандаҳоро боз аз рӯи мантиқи иҷроиши онҳо гурӯҳбандӣ намоед, яъне тасодуфан пайдо гардидаанд ва ё дидаю дониста, онҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои илмии асосноккардашуда истифода намудаед. Боз аз рӯи сарчашмаи молиягузорию иҷроиши ин нишондиҳандаҳоро гурӯҳбандӣ намуда, самаранокии молиявии фаъолияти хешро аниқ созед ва аз рӯи нишондиҳандаи «Мақсад - воситаи хароҷотшуда - натиҷаи бадастомада» таҳлил карда, вобаста ба ҳар як фикру мақсади аниқи хеш самаранокиро муайян намоед. Дар охир метавонед ҷадвали хоҳишу ақидаҳо, пайдарпайӣ ва самаранокии онро тартиб дода, зина ба зина болоравӣ ва ё нарафтани хешро муайян созед. Баъд аз ин Шумо аллакай дар зинаи сеюми пайдарпайии пешравӣ қарор гирифта, барои ояндан хеш фикру имконотро дарк ва ақидаҳои нав пайдо карда, аз паи болоравӣ аз рӯи вазифа мегардед.
Ҳар як роҳбар рафторҳои хешро таҳлил карда, боз нақшаҳои нави аз рӯи вазифа болоравӣ тартиб дода, воситаҳо ва шахсони дастгирро пайдо месозад. Барои ин роҳҳо ва сарчашмаҳои махсуси захиравин ба мақсадрасиро ҷустуҷӯ менамояд. Бояд гуфт, ки ҳар як фард роҳи махсуси ба мақсадрасии вазифавии хешро дошта, вобаста аз он кору фаъолият менамоянд. Яке аз гурӯҳи роҳбарон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор