Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
кадомашон тасодуфан иҷро гаштааст. Баъд аз он андаке андеша ронда, боз нақшаи ояндаи ҳаёту фаъолиятатонро рӯи қоғаз биёред. Аз ин нақша тахминан панҷ ва ё ҳафт бахшро ҷудо намоед, ки хоҳиши аз ҳама баланди дар давоми зиндагӣ иҷро намудани онро доред. Ин хоҳишҳоро ба давраҳои ҳаётии хеш тақсим намоед ва тақрибан муайян созед, ки бо киҳо ҳамкорӣ карда метавонед ва киҳо дастгириатон менамоянд. Синну соли атрофиёнро низ дар нақша дару гардонед. Баъдан нақшаи ин мақсадҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намоед.
-
Мақсадҳои шахсӣ.
-
Мақсадҳои касбӣ.
Боз мақсадҳои шахсиро ба мӯҳлатҳо ҷудо намоед:
❖ Мақсадҳои дарозмуддати 10 — 20 сола;
❖ Мақсадҳои миёнамӯҳлати 5 — 10 сола;
❖ Мақсадҳои кӯтоҳмуддати то 5 сола;
❖ Мақсадҳои ҷории то як сола;
Мақсадҳои касбиро низ ба давраҳои зерин бояд ҷудо кард:
❖ Мақсадҳои дарозмуддати якумра;
❖ Мақсадҳои миёнамӯҳлати 10 — 15 сола;
❖ Мақсадҳои кӯтоҳмуддати аз 5 то 10 сола;
❖ Мақсадҳои ҷории аз 3 то 5 сола;
❖ Мақсадҳои кории то як сола.
Хонандаи азиз, аллакай бо чунин давраҳо ҷудо кардани фикру мақсадҳои роҳбарӣ қадами аввали пайдарпайии фикрронии роҳбарӣ буда, барои қадами дуввум имконот пайдо гаштааст. Аз ин ҷо нишонагирии касбӣ ва хоҳишҳои фардии хешро аниқ сохта, метавонед, ки ба тағйироту иловаҳо дохил намуда, ба таҳлили тарафҳо имконоти ноил гаштан ба ин мақсадҳоро дида бароед ва ба саволҳои зерин ҷавоб ҷӯед:
-
Ба ҳар яке аз ин мақсадҳо чӣ тавр ва чӣ қадар қувват сарф карда, барои амалӣ гаштани он кӯшиш намудаед?
-
Агар Шуморо ба ихтиёри хеш мегузоштанд, ин касб ва ё вазифаро интихоб мекардед ё не?
-
Агар не, боз кадом имконотеро доред, ки касби худро бо тарафи дилхоҳатон тағйир диҳед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор