Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Қадами ҳафтум, ин назорати дастовардҳои фаъолияти роҳбарӣ буда, ба ҳар яки мо бартарияти зерини хиради роҳбарӣ ва дастгирии коллективиро тӯҳфа менамояд:
    ❖ Имконоти таҳлилии баръакси фаъолиятҳо, аз аввал то охири давраҳои роҳбарӣ пайдо мегарданд; ❖ Ҳаловати дастовардҳо пайдо гашта, барои фикри оянда замина фароҳам меояд; ❖ Ҳангоми нобарориҳо, боз фикрронӣ ва андешаҳои хирадмандии роҳбарӣ ва ҷустуҷӯи имконоти навин пайдо мегарданд; ❖ Вобаста аз муваффақиятҳои бадастовардашуда, роҳбар имкони мақсадгузорӣ ва бурдбориҳои дигарро фикру андеша менамояд; ❖ Боз имкони нишонагирии аниқ ба мақсадҳои стратегии роҳбарӣ пайдо мегарданд.

47.4. Пайдарпайии фикру ақидаҳои роҳбарӣ ва
банақшагирии зинаҳои ояндаи вазифадорӣ

Барои пайдарпайии мантиқии фикру ақидаҳоро соҳиб гашта онҳоро дуруст ба нақша гирифтан аз як қатор қонуниятҳои хиради менеҷмент истифода намоед, ки бароятон албатта кӯмак мерасонад. Барои риоя ва амалӣ гардонидани он моро зарур аст, ки фаъолиятҳои зеринро дар пайдарпайии зайл иҷро намоед:

  1. Кор карда баромадани нақшан тасаввуроти хеш оид ба фаъолиятҳои гуногуни ҳаётӣ ва роҳбарӣ.
    Новобаста аз он ки дар кадом нуқтаи инкишоф қарор доред, сохтор ва ҷадвали зиндагиномаи хешро болои қоғаз оварда, ба он як назари тоза намоед.
    Бо хоҳиши худ бурдбориҳоро бо нишонаҳое, ки бароятон писанд ва ноомадҳоро бо нишонаҳои нописанд ишора карда, онҳоро дар шакли ҷадвал ва ё нақша инъикос намуда, муқоиса намоед, ки кадом нишонаҳо бештаранд ва кадомашон каманд ва дар кадом давраҳои ҳаётиатон онҳо содир гаштаанд. Инчунин, диққат диҳед, ки дар байни бурдбориҳо ва камбудиҳо кадом омили асосӣ ва кадом омили махсус вуҷуд дорад, ки Шумо онро дидаю дониста амалӣ гардонидед ва
пешина
аз 566
навбатӣ