Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мустаҳкамеро пеш гирифтаед, ки барои расидан ба мақсад пурра мувофиқ аст.
-
Қадами панҷум, дақиқии фикру ақидаи нав ва моҳияти навини мақсад ва гуногуншаклии тарзу усули иҷрои он мебошад, ки рақибон бехабар монанд. Агар ба он ноил гашта тавонед, бояд шабу рӯз меҳнати пурсамару бузурги ақлониеро иҷро намоед, ки дӯсту душману рақиб ангушти ҳайрат газида, чӣ хел боз ба муваффақиятҳо ноил шудани Шуморо тасаввур карда натавонанд.
-
Қадами шашум, аниқу дақиқии вақти фикру ақидаҳо ва амалигардии онҳо, ки барои ҳар як фаъолияти роҳбарӣ шарти зарурӣ мебошад. Бояд гуфт, ки яку якбора агар хоҳиши амалӣ кардани ҳамаи ақидаю фикрҳоро дошта бошед, он гоҳ худатон саргаранг шуда, аз иҷрои баъзе баромада наметавонед, чунки ин қадам хеле мушкил буда, ҳар замон қувваҳои зерини беруна мехоҳанд ба Шумо таъсир расонанд:
❖ Аз ҳад зиёд серталабиатон аз кормандон ва хастагии онҳо дар иҷроиши
фикру ақидаи нав;
❖ Меҳнатталабии зиёди ақидаҳои нав ва амалигардонии он;
❖ Интизории атрофиёни бадхоҳу бетараф;
❖ Боварии хеш ва ҳаракатҳои аниқи Шумо;
❖ Ҳисси масъулиятнокии коллектив ва роҳбар дар назди фикру ақида ва
ваъдаю мақсадҳо;
❖ Таҷрибаи талхи рӯзгор.
Таҷрибаи талхи роҳбарӣ нишон медиҳад, ки аксар роҳбарон баъди иҷро гаштани мақсадҳо ва амалӣ гаштани фикрҳо коллектив ва ёру рафиқоне, ки вайро дастгирӣ намуда буданд, фаромӯш карда, он марому мақсаде ки барои атрофиён ваъда карда буд, иҷро накарда, вазифа ва муҳитро дигар карда, боз дигаронро ба чунин доми фиреб мехоҳад гирифтор созад, ки дар охир худи ӯ гирифтори чунин фиреб мегардад. Бояд гуфт, ки вақт ба ҳар як роҳбар имкон медиҳад, ки рафтори хешро дар тарозуи ақл баркашида, боз фикру хаёли навро ба сар биёранд, яъне қадами ҳафтумро бигузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор